​Конференсия: Паём – ҳидоятгари зиндагии шоиста ва дастовардҳои бузург

Таҳти унвони “Паём – ҳидоятгари зиндагии шоиста ва дастовардҳои бузург” дар факултети забонҳои хориҷӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ конференсияи илмӣ-амалӣ ҷараён гирифт.

Дар конференсия декани факултет, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Меҳриниссо Абдуллоева, дотсенти кафедраи забони олмонӣ, Абдуҳамид Шарипов доир ба мавзӯъҳои “Паёми Президент – тақвиятбахшандаи соҳаи маориф” ва "Паём – раҳнамои рушди устувори мамлакат” баромад намуданд.

Декани факултет Меҳриниссо Абдуллоева зимни ироаи маърӯза зикр дошт, ки дигаргунӣ ва пешравиҳое, ки халқи тоҷик имрӯз ба онҳо комёб гаштааст, натиҷаи сулҳу оромӣ, заҳмати бунёдкоронаи халқи азизамондар заминаи сиёсати дурбинона ва ватанпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар баробари соҳаҳои номбаршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи алоҳида додааст, ки онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Президенти мамлакат роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

“Зимни ироаи Паём Сарвари давлат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Қобили қайд аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ дар баробари дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ музди меҳнати кормандони муассисаҳои илму маориф, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда шуд”, - баён дошт, дотсенти кафедраи забони олмонӣ, Абдуҳамид Шарипов.

Дар идома, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, дотсент Бахтиёр Шомирзоев сухан карда, гуфт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаву ҳадаф ва самтҳои асосиву меҳварии фаъолияти мардуми кишварро барои боз як соли дигар ва дар умум, барои солҳои минбаъда низ дақиқу мушаххас менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ