Дунявият – масоили таҳким ва дурнамои рушди он дар Тоҷикистон
Дунявият – ин ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат ва мактаб аз ташкилотҳои диниро дошта, бо мақсади баромадан аз хурофот ва одатҳои шахшӯли динӣ дар оғози асри III то эраи мо ҳамчун таълимот дар ҳуқуқи римӣ ва шакли идоракунии давлат ба миён омадааст. Нахуст христианиҳо ғояи духӯрагии табиати инсонро пешниҳод намуда буданд, ки тибқи он инсон аз як ҷониб халқкардаи худо, аз ҷониби дигар ҳамчун махлуқи иҷтимоӣ маҳсуб меёфт. Ҳамин тариқ дар ин замина ғояи ҷудо гардидани ҳокимияти динӣ (христианӣ) аз дунявӣ ба миён омад.
Дар таълимоти олимони аврупо дунявият ҳамчун афзалияти ҳокимияти халқ нисбат ба ташкилоти динӣ дар давлат маънидод гардида, мақомоти давлатиро ба калисо муқобил мегузошт, ин омил яке аз сабаби бамиёноии зиддиятҳои асримиёнагӣ гашт.
Нуқтаи ниҳоӣ дар ин зиддиятҳо ҷанги 30-сола (1618-1648) миёни давлатҳои аврупоӣ буд, ки ҳамчун муноқишаи анъанавии динӣ бо ғалабаи манфиатҳои давлативу миллӣ аз болои манфиатҳои динӣ анҷом ёфт.
Ҳадаф аз ҷудо намудани ташкилотҳои динӣ аз давлат ин пеш аз ҳама фароҳам овардани имкони мавҷудияти озоди динҳо дар давлат ба ҳисоб мерафт, ки Уилям Маклафлин ин ҳолатро “на озод намудани инсон аз эътиқод, балки озод намудани дин аз таъсирҳои берунӣ”[1] баҳо додааст.
Дар мақолаи «Татбиқи назарияи дунявӣ дар ҷомеаи тоҷикӣ» оварда шудааст, ки “Дунявият ё ба истилоҳ, «секуляризм» (аз калимаи лотинии saecularis ба маънои дунявӣ, инҷаҳонӣ) дар чанд маъно истифода мешавад: якум, ба маънои бадалшавии моликияти ибодатгоҳҳои динӣ ба дунявӣ, дуюм, мусодираи амволи муассисаҳои динӣ ва интиқоли онҳо ба ҳукумати дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сеюм, аз фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва зеҳнӣ озод намудани таъсири дин.
Принсипи асосии дунявият ин чудо кардани давлат аз меъёрҳои шахшули динӣ буда, маънои маҳдуд кардани дин аз ҳаёти ҷамъиятиро надорад. Ин принсип самтҳои таъсиррасонии давлат ва ташкилотҳои диниро ба ҳаёти ҷамъиятӣ муқаррар мекунад: давлат ба ҳамаи самтҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ; дин танҳо ба ҳаёти фарҳангиву ахлоқи ҷомеа. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Дин ва муносибатҳои динии одамон кори хусусӣ мебошад”[2].
Дар илми сотсиология одатан намудҳои давлатҳои дунявӣ ва ғайридунявӣ тасниф карда шудаанд. Вобаста ба муносибати давлат ба ташкилотҳои динӣ 4 намуди давлатҳо дунявӣ, клерикалӣ (калисоӣ), теократӣ (худо ва ҳокимият) ва атеистӣ муқаррар гардидаанд. Барои он ки муносибати давлатро бо дин фаҳмиданӣ бошем, бояд пеш аз ҳама ба кадом намуд тобеъ будани давлатро муайян созем.
Таснифи давлатҳои дунявӣ асосан аз рӯи ду аломат: мавҷуд будани шарикии давлат ва ташкилотҳои динӣ, инчунин дараҷаи таъсиррасонии дин ба низоми сиёсии давлат ба амал бароварда мешавад. Аз рӯи аломатҳои зерин давлатҳои дунявӣ ба 4 тамсила ҷудо карда мешаванд: преференсиалӣ (афзалиятдошта), эквипотенсиалӣ (дорандаи нерӯи ягона) - давлат кӯшиш менамояд, ки ташкилотҳои диниро аз ҳаёти давлатӣ маҳдуд намояд; контаминатсионӣ (алоқамандӣ), идентификатсионӣ (ҳаммонандӣ, баробаркунӣ) – ҳамкории давлат бо ташкилотҳои динӣ ба роҳ монда шудааст.
Барои реҷаи ҳуқуқии ташкилотҳои динӣ дар давлати дунявӣ чунин хусусиятҳо хос мебошанд:
- Давлат ба ҳуқуқу озодии шаҳрвандон барои интихоби дин ва тобеияти онҳо ба дин, тарбияи кӯдакон аз ҷониби падару модар ва ё шахсони ивазкунандаи онҳо дар асоси иродаи динии худ бо назардошти риояи ҳуқуқ ва озодии кӯдакон ба озодии виҷдон ва интихоби дин дахолат намекунад.
- Давлат ба фаъолияти ташкилотҳои динӣ ба истиснои ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории чорӣ дахолат намекунад.
- Давлат фаъолияти хайриявии ташкилотҳои динӣ, ҳамчунин аз ҷониби онҳо татбиқ намудани барнома ва чорабиниҳои маърифатӣ-равшаннамоиро дастгирӣ менамояд.
- Давлат ба ташкилотҳои динӣ имтиёзҳои андозсупорӣ ва барои таъмир, беҳдошт ва ҳифзи иншооти фарҳангӣ, таъмини омӯзгорон барои таълими фаннҳои умумӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии аз ҷониби ташкилотҳои динӣ таъсисдодашуда дастгирии моддиву молиявӣ мерасонад.
- Ба ташкилотҳои динӣ иҷрои вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро вогузор намекунад.
- Давлати дунявӣ ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии аъзои ташкилотҳои диниро барои иштирок дар идоракунии корҳои давлат, интихоботи мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, фаъолияти хизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодҳои ҷамъиятӣ маҳдуд намекунад.
Мақоми давлати дунявӣ имрӯз дар зиёда аз 30%-и конститутсияҳои давлатҳои ҷаҳон (Федератсияи Россия, Фаронса, Олмон, Қазоқистон, Узбекистон) мустаҳкам карда шудааст.
Дар давлати атеистӣ бошад атеизм қисми мафкураи (идеология) давлатӣ маҳсуб ёфта, ташкилотҳои динӣ аз ҷониби ҳокимият таъкиб карда мешаванд. Ба сифати хусусияти атеистидошта собиқ ҷумҳуриҳои Фаронса, ИҶШС ва Албания шинохта шуда буданд.
Давлати клерикалӣ давлате мебошад, ки дар он ягон дин мақоми давлатиро дошта, давлат метавонад қисме аз функсияҳои иҷтимоии худро ба ташкилотҳои динӣ вогузор намояд. Давлатҳои Британияи кабир, Дания, Исроил, Испания, Норвегия, Шветсия, Ҷопонро метавон ба гурӯҳи давлатҳои клерикалӣ ворид намуд.
Дар давлати теократӣ бошад ҳокимияти давлатӣ ба ягон ташкилоти динии мақоми давлатидошта таалуқ дошта, меъёрҳои ҳуқуқии динӣ сарчашмаи асосии қонунгузории давлатро ташкил медиҳанд. Намояндагони ин намуд давлатҳо Эрон, Марокаш, Покистон ва Арабистони Саудӣ ба хисоб мераванд.
Дар адабиёт асосан ду роҳи давлатии мубориза ба ҳаракатҳои ифротгароӣ муқаррар карда шудаанд: либералӣ (ИМА)[3] ва консервативӣ (Олмон). Дар низоми ҳокимияти оммавӣ ҳокимияти давлатӣ нисбат ба худидоракунии маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мавқеъ ва масъулияти муҳимро дар ташкили фазои босубот, зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як фарди ҷомеа дорад.
Ҷиҳати пешгирии аломатҳои ифротгароӣ дар ҷомеа ду роҳи фаъолгардии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ карда шудааст:
- Маҳдудкунии имкониятҳои нерӯҳои паҳнкунии иттилооти ифротӣ. Иттилооте, ки ба раванди муколамаи демократии тарафҳо (давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ) ва маърифати баргузории он ихтилофот ворид месозад.
- Қадрдонии паҳнкунандагони иттилооти мусбии хусусияти созандадошта, ки ба таҳкими аркони давлатдории демократӣ мусоидат мекунад.
Тамсилаи тоҷиконаи рушди давлатдории дунявӣ. Дунявият ҳам хоси давлат ва ҳам ҷамъият буда, на дар ҳама ҳолат миёни давлат ва ҷамъият тафоҳум меорад. Ҳарчанд дар баъзе ҳолатҳо мафҳуми «ҷамъият» ифодакунандаи «давлат»[4] бошад ҳам, вале давлати дунявӣ метавонад дорои ҷомеаи демократии дунявӣ ва ё баракс ғайридунявӣ низ бошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчанд 99% шаҳрвандон мусулмонанд, вале ҷомеаи он дунявӣ мебошад. Зеро оину фарҳанги миллии тоҷикон аз арзишҳои исломие, ки ба қонунгузории амалкунандаи кишвар мухолифат накарда, фарҳанги умумиинсониро пайгирӣ мекунанд сарчашма мегиранд. Пешвои миллат низ ишора ба эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон қайд намудаанд, ки: “Асли дунявият дар робита ба масъалаи худшиносии таърихии миллати тоҷик чунин маъно дорад, ки мо ба мероси таърихии бузургони худ аз рӯи муносибати онҳо ба фарҳанги умумибашарӣ менигарем. Танҳо аз ҳамин мавқеъ аҳамияти таърихӣ ва амалии мероси фарҳангиро барои имрӯзи миллати тоҷик дуруст шинохтан мумкин аст. Дар ин мероси исломӣ бузургони халқи тоҷик истисно нестанд”.
Таърих собит менамояд, ки дар марҳилаҳои аввалини давлатдории тоҷикон аломатҳои давлатдории дунявӣ мавҷуд буданд. Чунончӣ, дар аҳди сомонияён ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии ҳуқуқӣ пеш мерафт. Баробари низоми ҳуқуқии ислом дар ҳудудҳои паҳновари давлати сомониён мактабҳои ҳуқуқии авастоӣ, буддоӣ ва конфутсиягӣ низ амал мекарданд.
Давлатдории пешазинқилобии тоҷиконро бошад низоми якҷояи ҳуқуқҳои исломӣ, урфӣ ва имперӣ идора менамуданд.
Дар замони шӯравӣ ҳарчанд тибқи моддаи 52-юми Конститутсияи ИҶШС ба шаҳрвандони шӯравӣ озодии эътиқод, яъне ҳуқуқи пайравии дилхоҳ дин кафолат дода шуда бошад ҳам, вале таҳти идеологема ва таълимоти атеистии низоми шӯравӣ ин меъёрҳо хусусияти эъломиявиро доштанду халос.
Пас аз бадастории истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои воқеии озодии эътиқод ва плюрализми динӣ ба миён омад.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари мо давлати дунявӣ эълон шудааст (м.1) ва иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ҳеҷ як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ (м. 8) “ба ҳайси мафкураи давлатӣ” эътироф карда намешавад. Ташкилотҳои динӣ ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Эътиқоди динӣ кори хусусии ҳар шахс буда, “ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд” .
Новобаста аз муносибат ба дин ва мансубияти динӣ мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ҳама (шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷа, шахсони бешаҳрвандӣ) баробаранд.
Бо мустаҳкамкунии мақоми дунявияти ҷумҳурӣ дар Конститутсия ва як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ якчанд ниҳодхои сохторӣ – Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои уламои Маркази исломӣ, Донишкадаи исломӣ ба номи Имоми Аъзам ва гимназияҳои таълими динӣ барои ҳамоҳанг намудани равандҳои ҳаёти динӣ ва таълиму тадқиқоти масоили диншиносӣ ва исломшиносӣ таъсис дода шуданд.
Ба мақом ва муҳити дунявияти давлат зуҳуроти экстремизм (ифротгароӣ), терроризм (даҳшатафканӣ), фундаментализм (бунёдгароӣ), фанатизм (таасубгароӣ) ва радикализм (тундгароӣ); фаъолияти гурӯҳҳои фашистӣ, ҳаракатҳои шовинистӣ ва чунбишҳои маҳалгароӣ; мазҳабгароӣ, ташвиқоти низоми теократӣ ва атеизм метавонанд таҳдид кунанд.
Мавқеи давлат вобаста ба идоракунии фазои идеологии давлат новобаста аз озодии сухан, гуногунандешии сиёсӣ ва дигар арзишҳои демократӣ қатъӣ мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳуқуқи ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизби хусусияти динӣ доштаро дода, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро барои онҳо кафолат медиҳад. Дар баробари ин, Конститутсия таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиеро, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҳтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд, таблиғот ва ташвиқотеро, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ намудааст.
Суръат гирифтани экстремизм ва терроризми динӣ дар ислом ба муаммои глобалӣ табдил ёфта, боиси вазнин гаштани ҳаёти мусулмонони олам, хавфи парокандашавии давлатҳои исломӣ ва дунявии мусулмоннишин ва ҳамчунин паҳнкунии исломҳаросӣ миёни мардум гаштааст.
Пӯшида нест, ки ташхиси ақоиди ҷадиди миёни ҷомеа паҳншаванда, муайянкунии пайомадҳои он то ошкорсозии хусусиятҳои ифротӣ ва оқибатҳои харобиовари онҳо мушкилии навро барои қонунгузор ва нерӯҳои ба он муборизабаранда ба миён меорад. Масалан, вақте, ки салафиҳо ҳамчун ҳаракати мазҳабӣ миёни ҷомеаи Тоҷикистон ба ташвиқот шурӯъ намуданд, то лаҳзаи ошкор кардани хислати ифротгароӣ ва терористии онҳо 8 сол гузашт, ки дар ин муддат ин нерӯ тавонист садҳо пайравон ва тарғибгарони худро миёни ҷомеа пайдо кунад. Имрӯз дар муноқишаҳои Сирия, Ироқ ва Афғонистон зиёда аз 1000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун тарғибгарони ақоиди экстремистии салафия ба муноқиша пайвастаанд.
Аз ҳамин лиҳоз барои аз байн бурдани чунин фазои идоранашаванда ва ғафлатандозӣ баланд бардоштани маърифат ва зиракии сиёсии шаҳрвандон беш аз пеш тақозои замон гаштааст.
Иштирок дар ҳаёти сиёсии кишвар, ҳифзи ватан ва манфиатҳои он вазифаи муқаддас ва конститутсионии ҳар як шаҳрванд ба хисоб меравад. Пайғамбари ислом фармудааст, ки: «Рифоҳи зиндагӣ, яъне осоиши рӯзгор дар амният аст». Бинобарин, фаъолгардонии масъулият ва ташаббуси шаҳрвандӣ бо мақсади дифоъ аз манфиатҳои давлату ҷомеа, ҳифзи ҳаёти осоишта, ягонагиву ризоияти ҳалқи Тоҷикистон яке аз зарфиятҳои муҳим ва аввалиндараҷаи давлат эътироф карда мешаванд.
Мухторов К.