Сулҳ дар Афғонистон аҳамияти минтақавӣ ва байналмиллалӣ дорад!
Ахиран дар Сафари кории раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон музокирот оид ба масъалаҳои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба дар таъмини амнияти минтақа, суботу оромии Афғонистони ҳамсоя, муборизаи муштарак ба муқобили терроризми байналмилалӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳим муҳокима гардиданд.
Аз музокираи кории раиси Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон Аҳмад Зиё Сироҷ бо ҳайати баландпояи ин хадамот ба Тоҷикистон эҳсос мегардад, ки сулҳи Тоҷикистон дар қаламрави ҷаҳон на ин ки аҳамияти минтақавӣ дорад, балки ин оромиву истиқрор ба давлатҳои ҳамҷавор низ хеле ва хеле муҳим мебошад.
Маълум аст, аст, ки амнияту суботи минтақаи мо, қабл аз ҳама, бо вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад ва идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад. Амнияти ин кишвари дӯсту ҳамсоя тайи солҳои охир исбот месозад, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.
Ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳама гуна иқдомоти созандаи роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар Афғонистон ҳамеша истиқбол менамоем ва умед ҳаст, ки талошҳои ҷонибҳои алоқаманд дар ин ҷода натиҷаҳои мусбат ба бор оварад.
Мусаллам аст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон дар давоми 28 соли муносибатҳо, дар ҳошияи татбиқи Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек мулоқотҳои Президентҳои ду кишвар солҳои 1996, 2001, 2006, 2013 ва 2016 дар Тоҷикистон ва солҳои 1993, 1995, 2010 ва 2014 дар Афғонистон баргузор гардида, дар ҷараёни онҳо доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла, сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, обу энергетика, саноат, фарҳанг, тандурустӣ, оромии вазъ дар сарҳад ва ҳаллу фасли низои дохилии Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ин муддатрушди робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва машваратҳои сиёсии байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ нақши муҳимро мебозанд. То имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳафт ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ду ҷаласаи машваратҳои сиёсӣ доир гардидаанд.
Дар маҷмуъ, метавон таъкид кард, ки музокироти Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ мебошад.
Мо ин музокиротро ҷонибдорӣ намуда, изҳори боварӣ мекунем, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон барои таҳкими пояҳои сулҳу амонӣ, ки бо ибтикори Ҳукумати мамлакат сурат гирифт, ҳамеша талош хоҳанд кард.
Кормандони раёсати илм ва инноватсияи ДДХ