​Нест бод терроризм

Воқеаҳои солҳои охир, ки ҳамагонро ба ташвиш овардааст, ин шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни номатлуб мебошад.

Яке аз ин гуна равияҳо ин ҳизби таҳрир мебошад, ки сабабгори саргардонии чандин ҷавонон гаштааст.

Бояд гуфт, ки ҲНИ барои расидан ба мақсадҳои хеш дар зоҳир оромона, ки гӯё ягона пушту паноҳи ислом ва мусулмонон онҳоянд ва бояд мусулмонон ба онҳо дар ҳама маврид такя намоянд амал мекунанд. Чунин найранг дар зеҳни мардум метавонад ҳолатеро бавуҷуд оварад, ки ихвониён низ ба хотири манфиатҳои онҳо фаъолият мекунад.

ҲНИ баъди расидан ба оштии миллӣ тайи солҳо 1997-2015 аз ин шеваҳои ихвонӣ кор гирифта, сараввал сарони ин ҳизб марказҳои тиҷоратии мухталиф таъсис додан ва шаклҳои гуногуни тиҷоратро, аз ҷумла бороҳи ҷамъоварии эҳсону хайрия, баъдан бо роҳи худнамоӣ ва таҳти таъсир гирифтанифазои иттиллотӣ корҳои оддитарини хешро мавриди таблиғ қарор доданд.

ҲНИ ва пайравонаш дар замони фаъолияти расмиашон чунин во намуд мекарданд, ки гӯё онҳо ба мушкилоти сиёсию иқтисодии кишвар ягон дахл надоранд ва ҳамаи ҷурмро бар сари ҳокимияти сиёсӣ ҳавола менамуданд ва худро пуштибони озодиву адолат ва демократия ба намоиш мегузоштанд, ки дар натиҷа ҷавонониморо бар доми худ кашидандусабабгориоилавайроншавию ашки модарону сарсонии кудакони бегуноҳ гардидааст, ки басо аламовар аст.

Эй марум ҳушёб бошед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед ва баҳри хушбахтии оилавӣ, хандаи модарону кӯдакон ва оромии кишвари азизамон бикӯшед. Ба ҳаргуна ҳаракатҳои номатлуб шомил нашавед худ ва атрофиёнатонро ҳимоя намоед.

Имруз хушбахтона дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо тамоми шароитҳо муҳайё аст. Ва мо бояд ба қадри он расему барои ояндагонамон онро мерос гузоре. То, ки насли оянда низ аз мо ифтихор кунанду дар фазои ободу осоишта умр ба сар баранд.

Ҷомеаи кормандони раёсати илм ва инноватсия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ