Семинар: Пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО/БПНМ амали дастаҷамъона
Имрӯз 26-уми ноябр, дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО/БПНМ амали дастаҷамъона” дар доираи маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид.
Семинар бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва бахшида ба 1-уми декабр - Рӯзи байналмилалии мубориза бо вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои тарбия, Аюбҷон Усмонов, мудири кафедраи кори тиббӣ-биологии факултети биология ва химия, дотсент Мақсадой Обидова ва донишҷӯён ҷараён гирифт.
Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбия Аюбҷон Усмонов ҳусни ифтитоҳ бахшида, арз дошт, ки раёсати донишгоҳ ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, таҳти №89 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020”пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар ин радиф, баргузории чорабинии мазкур хеле муҳим ва саривақтӣ буда, барои ҳалли муаммоҳои ҷойдошта дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни ҷавонон ва самарабахш амалӣ гардидани барномаи мазкур мусоидат менамояд.

Мудири кафедраи кори тиббӣ-биологии факултети биология ва химия, дотсент Мақсадой Обидова сухан карда, таъкид дошт, ки пеш аз он, ки зарар ба саломатӣ пайдо гардад, дар бадани инсон ВИЧ метавонад чандин сол зиндагӣ кунад. Роҳи ягонаи муайян намудани сироятёбӣ ин санҷиши хун бо воситаи таҳлили лабороторӣ, яъне санҷиши миқдори антителҳо бар зидди ВИЧ мебошад.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ иштирокдорон доир ба масоили баррасишаванда табодули афкор доштанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил