Мутолиа ва омӯзиши “Палатаи кунҷакӣ”
Бо ташаббуси садорати китобхонаи марказии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар факултети забонҳои шарқ маҳфили илмӣ-адабии “Баҳори дониш” барпо гардид.
Дар маҳфил романи “Палатаи кунҷакӣ”-и Нависандаи халқи Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳамаддиев мавриди муҳокима қарор гирифта, устодону донишҷӯён доир ба банду басти асар ва шеваи нигориши муаллиф музокира намуданд. Баён гардид, ки Фазлиддин Муҳамаддиев дар роман ҳаёти се насли ҷомеаи сотсиалистиро ба қалам дода, бо ин васила ахлоқи ҳамидаро тарғибу ташвиқ ва сифату хислатҳои разилаи инсониро мазаммату накӯҳиш намудааст.
Дар фарҷом, директори китобхонаи марказии донишгоҳ Дилбар Самадова сухан ронда, арз дошт, ки ҳадаф аз гузаронидани чорабинӣ баланд бардоштани маърифати ҷавононва тарғибу ташвиқи ахлоқи ҳамида бо роҳи китобу китобхонӣ мебошад.
Маркази иттилоот ва таҳлил