​Таҳдиди созмонҳои ифротӣ ба ҳаёти ҷавонон

Таҳлилҳои солҳои сипаригашта аз он шаҳодат медиҳанд, ки гурўҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ баҳри зиёд намудани сафи аъзоёнашон, дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа эътибори махсусро ба ҷавонон равона намудаанд. Аз ин лиҳоз, ҷавонони тоҷик бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошанд ва барои баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбиниву донишашон саъю кўшиш намоянд, то тавонанд ҳамсолони худро аз ҳамроҳ гардидан ба гурўҳу ҳаракатҳои ифротгаро боздоранд.

Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Намоиши филмҳои дорои хусусиятҳои террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет сабаби дигари гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мебошанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт сабаби фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ташкилотҳо гардидааст.

Бояд гуфт, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амният дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин самт Ҳукумати мамлакат тадбирҳои саривақтӣ ва муассир андешидааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 12 ноябри соли 2016, «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» тасдиқ карда шуд. Он самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба ин зуҳуроти номатлуб мусоидаткунанда мушаххас менамояд. Назорати иҷрои Стратегияи миллӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ вобаста ба иҷрои он ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Имрўз дар Тоҷикистон тамоми имконоти муқовимат бо терроризм ва экстремизм фароҳам буда, аз аҳли ҷомеа тақозо мешавад, ки муборизаро бо ин зуҳуроти номатлуб пурзўр намоянд. Танҳо дастаҷамъона метавонем амнияту осоиши хонадонамонро аз вуруди ғояҳои бегона, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, гаравидани онҳо ба ин зуҳурот ҳифз ва дар амн нигоҳ дорем.

Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри XX терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт, хусусан аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омӯзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён биёяд, ки барои чӣ ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд, ҳол он, ки таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замони форматсияҳои ҷамъиятӣ содиршавии терроризм ва экстремизм буд. Чунки танҳо дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Мисоли равшани инро метавон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дарёфт. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки чӣ гуна Ҳизби наҳзати исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) барои ба даст овардани ҳокимият ташкил кардани табаддулоти ҳарбӣ ва барои ҷалби ҷавонон ба ҳайати худ дар Тоҷикистон кӯшишҳои зиёде кард.

Беҳуда нест, ки 15 сентябри соли 2015 бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломӣ ташкилоти террористию экстремистӣ эълон карда шуд. Ҳамаи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай низ ин ҳизбро ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ эътироф намуданд. Ин ҳизби террористиву экстремистӣ низ аз номи ислом баромад карда, ақидаи шаҳрвандонро ба худ ҷалб кард.

Аз гуфтањои собиќ намояндагони ТЭТ ҲНИ бар меояд, ки маќсади онњо на њифзи њуќуќи мусалмонон, балки бадном намудани онњо мебошад. Њар як њизб новобаста ба сохтору аќоиди сиёсиаш дар назди худ як вазифа мегузорад, ки он соњиби мансаб шудан мебошад. Баъди ба сари њокимият омадан аъзоёни њар як њизб кўшиш мекунанд, сохтори давлатиро мувофиќи низоми худашон ба роњ монанд. ТЭТ ЊНИ низ баъди ташкилёбиаш танњо як маќсад дошт, ѓазби њукумат, сарнагум сохтани сохти давлатдорї, барпо кардани давлати исломї. Барои ноил гаштан ба ин маќсади ѓаразнопокашон онњо аз номи дини ислом баромад намуда, давлати тинљу оромро ба вартаи љанги шањрвандї ѓўтониданд. Гарчанде таъиноти асосии таъсисёбии ТЭТ ҲНИ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзои он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд.

Омӯзиши ин самт дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва проблемаи мазкур онро тақозо мекунад, ки ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян карда шавад. Зеро, ки ин зуҳурот намуди ҷинояти махсусан вазнин буда, имрӯзҳо ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст.

Яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароити зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳӣ заифии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии алоҳида мебошад.

Пешвои миллат дуруст зикр карданд, ки «мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд».

Лекин њар як аъзои љамъияти кишвар бояд дар назар дошта бошад, ки душманони миллат аз ниятњои ѓаразноки худ њоло даст накашидаанд ва кўшиш доранд, ки ба њар роњ байни мардум иѓво андозанд. Аз њамин сабаб њар як шањрванди љумњурї дар сатњи сиёсї њушёриро аз даст надода, бояд нагузорад, ки минбаъд ягон шахс фирефтаи доми душманони миллат дар дохил ва беруни кишвар нагардад. Дар замони муосир, тарбияи насли ояндасоз аз мо омӯзгорон ва тарбиятгарон боз ҳам масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд. Мо бояд ба ҳар як донишҷӯ дар самти тарбия бо алоҳидагӣ корбарї намуда, онҳоро дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва пос доштани дастовардҳои Истиқлолияти миллиро ҳифз намудан тарбият намоем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ