​Ҳамкориҳо бо Афғонистон боиси таҳкими амният дар Тоҷикистон аст

Маълум аст, ки Тоҷикистон бо кишвари ҳамсоя ва дӯст Афғонистон зиёда аз 1000 км хати сарҳад дорад. Ҳамкориҳои мақомоти қудратӣ ва ба хусус амниятии ҳарду кишвар метавонад, ки ҷинояткорӣ, қочоқи маводи мухаддир, амалиёти ҷосусона ва хиёнаткоронаи гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ифротгароро ба маротиб кам карда, субот ва осоиштагии сокинони ҳарду кишвар таъмин гардад.

Санаҳои 14 ва 15 январи соли ҷорӣ сафари кории раиси Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон – Аҳмад Зиё Сироҷ бо ҳайати баландпояи ин хадамот дар Тоҷикистон сурат гирифт. Гуфта мешавад, ки ҳангоми сафари худ Аҳмад Зиё Сироҷ бо раиси Кумитаи давлати аминияти миллии Тоҷикистон - Саймуддин Ятимов мулоқот кард.

Бо ҳам мулоқоту вохӯрӣ гузаронидани роҳбарони мақомоти амниятии ҳарду кишвар бешак ба фоидаи тарафайн аст. Зеро бисёр масъалаҳое мавҷуданд, ки барои ҳалли онҳо ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи амният зарур аст. Ин пеш аз ҳама дар самти ҳамкориҳо доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ифода меёбад. Маълум аст, ки чанд даҳсолаи охир ҳудуди Афғонистон бо мудохилаи абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои ифротӣ ба майдони ҷангу ҷидол табдил ёфтааст. Аммо бо вуҷуди ин мардуми Афғонистон кӯшиш мекунанд, ки дар мамлакаташон сулҳу оромӣ ҳукмфармо бошад.

Тоҷикистон бо Афғонистон муштаракоти зиёди таърихӣ, фарҳангӣ, адабӣ, забонӣ дорад. Аксарияти аҳолии Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд. Аз ин хотир, ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар ҳамаи самтҳо ба фоидаи ҳарду кишвар буда, ҳамкорӣ дар самти амният низ ба фоидаи кор ба шумор меравад.

Сафари Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон Аҳмад Зиё Сироҷро ба Тоҷикистонро барои ҳамкориҳои амниятӣ падидаи нек метавонем, ки арзёбӣ кунем.

Ислом Раҳимов, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ