​Таъмини сифати баланди таълим- вазифаи аввалиндараҷа

Дар баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба рӯзи дониш дар қатори масъалаҳои басо актуалӣ, диққати махсус ба сифати таълим дар муассисаҳои таълимоти олӣ ва миёна дода шуд. Ин пешниҳод ва супориши ҷаноби олӣ асоси моддӣ ва маънавии ҳаматарафа дорад, зеро бо кӯшишу ғайрати муҳтарам ҷаноби олӣ муассисаҳои таълимоти олӣ ва мактабҳои ҳамагонӣ ҳам аз нуқтаи таъминоти моддӣ (теъдоди компутерҳо ва иқтидори онҳо ба талаботи донишҷӯён ва мактаббачагон ҷавобгӯ аст, мактабҳои нави замонавӣ имконият фароҳам оварданд, ки шароити таҳсил барои донишҷӯён ва мактаббачагон дар як баст аксаран таъмин карда шуда, теъдоди устодон ба 10 нафари донишҷӯён ва талабагон таъмин карда шуд). Ба мактабҳо шабакаи интернет гузаронида шудаанд. Ҳамаи ин имконият фароҳам овард, ки ҷараёни таълим бефосила таъмин карда шавад ва натиҷаҳои аввалини ин чорабиниҳо дар амалия изҳор мегардад. Дар ҳақиқат сифати таълим дар мактабҳо ва мактабҳои олӣ ба дараҷаи баланд шуда, имконият фароҳам овард, ки хатмкунандагони мактабҳои миёна сол то сол теъдоди онҳо зиёд гардида, ба мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ бахусус ба давлатҳои мутараққӣ дохил шуда, таҳсил карда истодааанд (ҳоло зиёда аз 50000 нафар донишҷӯён дар мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд). Теъдоди тадқиқотчиён- магистрантон, аспирантон ва докторантони ватанӣ низ дар давлатҳои хориҷӣ бефосила афзуда истодаанд. Ҳамаи ин имконият фароҳам оварда истодааст, ки сатҳи таъмин будани мактабҳои миёна ва олӣ бо муаллимон ва устодони унвондор( мувофиқи талаботи конвенсияи балония таъмин будан, бо устодони унвондор дар мактабҳои олӣ на камтар аз 60% -и теъдоди умумии устодон мебошад) ҳарчи тезтар ба даст оварда шавад.

Ин нишондиҳандаҳои миқдори шаҳодат медиҳад, ки ҷараёни истеҳсол ва истеъмоли дониш дар ҷумҳурӣ анъанаҳои дар давлатҳои мутараққӣ ҷой дошта пурра мувофиқат мекунад, ки ин аз бо муваффақият амалӣ гаштани “бакалавриати оммавӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, ки ин муваффақияти назаррас аст, аммо ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ин ҷода захираҳои зиёде мавҷуданд, ки ташкили корбарии онҳо имконияти тезтар ба иқтисодиёти индустриалӣ- инноватсионӣ гузаштани ҷумҳурӣ шароит фароҳам меоварад.

Баистифодабарии захираҳои мавҷуда таъкид намуда,муҳтарам ҷаноби олӣ қайд карданд, ки ин қабл аз ҳама ба сифати талабшуда расонидани сифати таълим ва сатҳи донишандӯзӣ дар мактаби миёна ва олӣ, яъне гузаштан аз стратегияи донишандӯзӣ ба стратегияи салоҳиятнокӣ амалӣ хоҳад шуд, ки барои ин ҳоло шароит фароҳам оварда шудааст- мактабҳои олӣ дар системаи кредитӣ фаъолият мекунанд.

Барои самаранок фаъолият кардани мактабҳои олӣ зарур аст, ки ба талаботи мактаби олӣ ҷавобгӯ бошад, то ки хатмкардагони мактаб дар мактабҳои олӣ тавонанд барномаи онро пурра азхуд намоянд.

Барои ҳалли ин муаммо муҳтарам Э.Раҳмон пешниҳод карданд, ки сатҳи салоҳиятнокии ҳам муаллимони мактабҳои миёна аз устодони донишгоҳҳо бо дарназардошти натиҷаи фаъолияти онҳо- барои мактаби миёна ҳиссаи ба мактабҳои олӣ дохил шудан аз хатмкунандаҳо, теъдоди хатмкунандагоне, ки ба соҳаи илмҳои дақиқ қабул шудаанд. Барои мактабҳои олӣ бошад иштирок дар олимпиадаҳои байналхалқӣ теъдоди корҳои илмӣ ва теъдоди хатмкардагоне, ки бо илм машғуланд ва дар соҳаи ихтисоси худашон дастовардҳои назаррас ба даст оварданд.

Пешниҳоду супоришҳои ҷаноби олиро барномаи фаъолият қабул карда, устодони факултети молия ва иқтисодиёти бозор кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар баробари бомуваффақият амалгардонидани сенарияи донишандӯзӣ дар факултет “сенарияи салоҳиятнокӣ” беш аз пеш амалӣ гардонида шавад то ки хатмкардагони мо дар бозори меҳнати на танҳо дар бозори ватании меҳнат балки дар бозори меҳнати давлатҳои мутараққӣ рақобатпазир бошанд.

н.и.и. дотсент Мавлонов Р.А.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ