Аҳримантинатон ба мақсад нарасанд
Одамӣ одам набинад, аз куҷо одам шавад,
Шамъ агар оташ набинад, аз куҷо равшан шавад.
Ҳақ бар ҷониби гӯяндаи ин байт мебошад. Мо бесабаб вокуниши мазкурро бо ин байт оғоз накардем. Ҳадафи мо таъкиди ин нукта аст, ки инсон агар хубӣ ва некии ҳар корро хоҳад, пеш аз ҳама бо чашми нек бояд ба он бингарад. Вагарна, “...на ҳамин либоси зебост нишони одамият.”
Ин нукта зери суол қарор дорад, ки ҷаноби Мирзо Салимпур бо ин навиштаҳояш оё ҷанги иттилоотӣ эълон карданист? Фикр мекунам, ки дар таърихи башарият Аҳримантинатон маротибае ҳам ба мақсади худ нарасидаанд. Ӯ аз дур истода давлату миллатро ноором менамояд, бар зидди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сухан меронад ва фаъолияти ин кумитаро дар роҳи ба эътидол овардани вазъи кишвар зери танқид мегирад, нафароне, ки бо мақолаву вокунишҳояшон амалу кирдори мухолифини тоҷикро маҳкум мекунанд, “фермаи ҷавоб” ном медиҳад ва ба ин гуна ашхоси ватандӯст таҳқири зиёдеро раво мебинанд. Оё Мирзо Салимпур зода ва шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ин қадар таҳқирро бар зидди ҳамватанон раво мебинад ва гӯё бо суханҳои қабеҳаш аз онҳо аламаш меситонад.
Бояд донист, ки мардуми кишвари азизамон нооромии давлату миллатро ҳаргиз намехоҳанд, бахусус, иғвоангезону моҷароҷӯёнро чашми дидан надоранд. Кишварамон рӯз ба рӯз ободу зебо гаштаву мардум озодона фаъолият мебаранд.
Аз дасисабозони мухолифи давлат хоҳиш мекунам, ки ба ин гуна кирдорҳо нуқтаи хотима гузоранд ва барои сохтани Тоҷикистони вокеан ҳам шукуфо дар баробари ҳамватанон қарор гиранд...
Дилафрӯз Мансурова, муаллимаи кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров