​Суруди Миллӣ – рамзи давлати соҳибихтиёр

(Ҳамовозӣ ба пешниҳоди маорифчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бораи хондани суруди милӣ дар муассисаҳои таълими Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Анҷоми асри ХХ ва оғози асри XXIдар ҳаёти ҳамаи халқиятҳои давлатҳо-аъзоёни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ давраи саршор аз дигаргуниҳои куллӣ буд. Маҳз дар ҳамин давра ҳамаи давлатҳо соҳибихтиёрии худро эълон дошта, маҷрои давлатдории алоҳидаро пеш гирифтанд. Вале соҳибистиқлолӣ ба ҳамаи давлатҳо ба осонӣмуяссар нагардида, баръакс сабаби сар задани нобасомониҳои дохилидавлатӣ шуд. Ин якдигарнофаҳмиҳо ба халқи тоҷик низ таъсиргузор шуд, аммо иродаи қавӣ ва неруи бузурги ватандории халқи тоҷик ва фарзанди фарзонаи ӯ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ баромад ва самти бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеша кард.

Маҳз дар ҳамин давра зарурат пеш омад, киТоҷикистони соҳибистиқлол нишонаҳои муаррификунандаи миллат ва муқаддасоти онро якҷоя бо иштироки тамоми халқ ва намояндагони онҳо дар Парлумон интихоб намоянд, ки аз ҳар ҷиҳат баёнгари урфу одат, анъана ва муқаддасоти он бошад.

Яке аз қадамҳои ҷиддие, ки дар ин самт гузошта шуд интихоби Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 7-уми сентябри соли 1994 аз тарафи Шӯрои Олӣ дар иҷлосияи 19-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”қабул гардид ва матни шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва оҳангиСулаймон Юдаков мақоми барҷастаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардид. Аз ҳамон рӯз эътиборан ин муқаддасоти миллӣ тантанавор аз тарафи ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавориди мутантан, ҷашнвораҳо, иду маросимҳо бо савти хоса суруда мешавад. Вақте ки, варзишгарони мо дар кишварҳои дур барои шарафи Тоҷикистон қувваозмоӣ мекунанд, зери Суруди миллии худ рӯи саҳнаҳои баланд ҳозир мешаванд. Дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассос тамоми ҷаҳон Суруди миллии моро мешунаванд...

Моддаи 3-юми Конститутсияи Тоҷикистон тасдиқ менамояд, ки “Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст”.

Дар Низомномаи Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, чунин тавзеҳ оварда шудааст: “Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дӯстии пойдори ҳамаи халқу миллатҳоикишвар мебошад.

Эҳтироми воло ва донистани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар аст”.

Аз ин рӯ ҳар як шаҳрванди солимфикрро мебояд, ки Суруди миллиро муқаддас дорад ва дар ҳама ҳолат нисбати он эҳтиром гузорад.

Дадоҷонов Б.Ё.,

сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳи информатика

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ