3 иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш

- Давлату Ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил идома медиҳад.

- Маҳз бо дастгирии мардуми сулҳдӯсту таҳаммулгароямон мо дар кишвар сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллиро таъмин кардем ва боз ҳам бо заҳмати аҳлонаи мардуми шарифи Тоҷикистон хисороти ҷанги шаҳрвандиро бартараф карда, барои расидан ба марҳалаи рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ роҳ кушодем.

- Ман борҳо гуфтаам ва мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки хонаи мо, яъне Ватан ва давлати моро каси дигар обод намекунад. Мо кишвари азизамонро худамон пешрафта мегардонем ва ба наслҳои оянда як мулки ободро ба мерос мегузорем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ