Изҳорот

Бале, Суруди Миллиро бо фахру ифтихор мехонам, азизу гиромӣ медорам. Суруди Миллӣ, воқеан рўҳи маро болида месозад, эҳсоси маро меангезад, ба ман дармону имон мебахшад, маро устувору матиниродатар менамояд, ормони маро таҷалло медорад ва маро арши боло мебарад…

Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.

Албатта, мақсуд аз навиштани ин сатрҳо таҳлил ва ё таҷзияи адабиву нақдӣ нест, балки ифшои эҳсоси муҳаббати самимона, ҷавонмардона ва дилбандона ба яке аз рамзҳои давлатии Ватани азизам – Тоҷикистони муқаддасам – Суруди Миллӣ мебошад.

Суруди Миллии мо рисолати худро ҳамчун рамзи шоистаи давлати соҳибистиқлоли мо дар тўли 20 сол бо сарфарозӣ ба ҷо оварда, тарвиҷгари ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллии мо ҳамчун башоратнома ва муаррифгари миллату давлати «Тоҷикистони озоди ман» мебошад.

Мегўянд, ки соли 2006 дар маркази шаҳри Грознийи Русия беш аз 60 ҳазор нафар дасти ҳам гирифта Гимни Русияро якҷоя дар як вақт иҷро намуданд. Ман ҳам аминам, ки ҳамарӯз тоҷику тоҷикистонӣ бо як эҳсоси баланди ватандорӣ Суруди Миллӣ бо сарбаландӣ, бо сарфарозӣ онро аз дилу ҷон мутантан замзама хоҳем кард!

Бале, аввалин, ширинтарин, меҳрубонтарин ва маҳбубтарин суруд агар суруди аллаи модар бошад, пас Суруди Миллӣ низ дар ин мақому дараҷа барои инсон азизтарин, муқаддастарин ва гиромитарин суруд мебошад. Пас моро воҷиб ва зарур аст, ки онро арҷгузорӣ ва азиздорӣ намоем. Ҳар гаҳе ки Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон танинандоз мегардад, бо салобат аз ҷой бархезем ва даст бо тавозўву тамкин ба рўи сина гузошта, бо тафохур, бо самимият аз дилу ҷон онро сароем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ