Изҳороти устодони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

Яке аз саркардагони нооромиҳо охири асри гузаштаин Ҳоҷиакбар Тӯраҷанзода мебошад, ки ба хотири манфиатҳои шахси худ ва пайравонаш мардумро ба зидди ҳукумати ҳамон вақт равона намуд. Ҳоҷиакбар Тӯраҷанзода хеле муғамбирона исломро барои ҳадафҳои иғвоангезаш сипар намуда, маркази Ҷумҳуриро ба маркази тезу тундшавии сиёсӣ мубаддал гардонд.

Ӯ яке аз лидероне буд, ки мардумро бо ислом фиреб дода ҷомеаи орому осударо ба талотуми ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Бозиҳое, ки онҳо мебурданд танҳо барои манфиати худи онҳо ва ҳаммаслакони хоину беномуси онҳо буд.

Зеро онҳо барои расидан ба мақсадҳои аҳриманонаи худ ҳатто тайёр буданд, ки ватани азизи моро ба порчаҳо ҷудо намуда, соҳиби мансабу эътибор гарданд. Бинед, ки то он дараҷае халқи мо омада расид, ки бародар ба бародари худ теғ кашид модари тоҷикро пушаймон аз фарзанди худ карданд.

Вақте сухан аз Ватан мерафт онҳо лоф мезаданд, ки ин сарзамин барои онҳо муқаддасу бемислу монадмебошад, вале ин танҳо дар сухан буд дар асл бошад аз ҳар хоку санги ватан манфиат меҷӯстанд.

Гарчанде Ҳоҷиакбар Тӯраҷанзода дар сафи пешу худро ҷонфидои ин миллату давлат нишон медод дар асл чунин набуд зеро мо набояд ба сухан, балки ба амал ва натиҷаи он бояд назар андозем. Чанги шаҳрвандӣ ин натиҷаи “ҷонфидодоиҳои”онҳо буд.

Ҳар як инсон дорои ақлу хирад мебошад дар баробари ин баҳогузори намуда метавонад ва “офтобро ба доман пӯшида намешавад” мегӯянд дар халқият, ки ин дуруст аст. Имрӯз мо қиёфаи манфури онҳоро шинохтем.

Дар яке аз хикматҳои халқӣ гуфта мешавад, ки “душмании як нафарро нисбати шахси дигар бахшидан мумкин аст, аммо душмани халқу миллатро ҳаргиз набояд бахшид” зеро зулму итибдоди онҳоро на халқ ва на миллат мебахшад ин ҷурм нобахшиданист.

Аз 1 то 14 феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе мардуми зиёде пас аз шунидани овозаҳо дар мавриди ба Тоҷикистон омадани чанд тан арманиҳо аз зилзилаи Спитак ва Ленинакан осебдида ва додани манзил ба онҳо ҳамоиши эътирози баргузор карданд. Ин ҳамоишгарон норози аз он будданд, ки давлат ба онҳо баосони манзили зист медодаст, дар ҳолате, ки сокинонони поитахт аз ин ҳисоб танқиси мекашанду манзили зист надоранбд ва чанд сол дар навбат истодаанд. Ин вазҳиятро хоинони миллат истифода бурданд ва шаҳри Душанберо ба майдон ҷудо намуда мардумро ба хун оғӯшта намуданд. Маҳз ҳамин гирдиҳамоишҳои Баҳманмоҳ сабаби ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки дар ин раванд Ҳоҷиакбар Тӯраҷанзода саҳми худро дошт.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ