​Ин мардӣ нест…

Мо матни «Паёми рўи пули миллӣ»-ро нағзакак хонда, бо ҳам муҳокима кардем. Ин кори баъзе касоне аст, ки рўирост гапашонро гуфта наметавонанд. Гўё бо роҳи пинҳонӣ аз Раиси ҷумҳур интиқом мегиранд, гўё истеъфои Президентро талаб менамоянд. Ин роҳи ҳалли масъала нест, балки номардию номардӣ, буздилӣ ва тарсончакӣ аст. Ин корро танҳо душманони миллат, душманони Эмомалӣ Раҳмон мекунанду мегўянд. Дар асл ба ин кор ҳоҷат нест, истеъфои Пешвои миллат низ зарурият надорад. Мумкин ин методи нави мухолифин ва аъзоёни ҲНИ барои сиёҳкунии Роҳбари давлат бошад. Онҳо пешравӣ, тараққиётро дида наметавонанд, фақат аз зери нохун чирк мекобанд. Онҳо худашон ба манфиати давлат, Тоҷикистон ягон кори шоён накардаанд ва намекунанд. Дар урфият мегўянд, ки «Ошат ҳалол бошад, дар мобайни кўча хўр». Ин гуна шахсон ҷасорат надоранд, тарсую буздил ва вайронкор ҳастанд. Мо ба иғвои ин тоифа одамон бовар намекунем, ба тарафи онҳо майл надорем. Чунки ҳама чун офтоб равшан аст:

- Пешвои миллати мо ба наздикӣ дар ҷамъомади байнидавлатии давлати Хитой буданд. Бо забони ноби тоҷикӣ баромад карда, мақсаду мароми роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳама баён карданд. Ҳамаи давлату халқҳоро ба сарҷамъӣ, ҳамкорӣ, муттаҳидӣ, тифоқӣ даъват намуданд. Ин корҳо на танҳо ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба манфиати тамоми мардуми олам аст. Пас ин гуна ташаббусҳоро чӣ тавр нодида мегиреду истеъфои Роҳбари аввали давлатро талаб менамоед, нотавонбинҳо?

Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон дар Пекин роҳбарони даҳҳо давлатҳоро ба ҳузур пазируфта, дар бораи ҳамкорӣ, дўстӣ шартномаҳои зиёде ба имзо расониданд, ки ҳамаи онҳо ба манфиати Тоҷикистон ва тарафи дигар буд. Чаро инҳоро намебинед, чаро пешравию тараққиёти босуръати кишвар чашми шумоёнро хира месозад, «ихтироъкорони методҳои нави ниқоргирӣ, сиёҳкунӣ»?!

Биёед, аз баҳри тўҳмату бўҳтон бароем, сиёҳро сиёҳ, сафедро сафед гўему дар атрофи Роҳбари худ муттаҳид шавем, ба пешравии кишвари азизамон саҳмгузор гардем. Агар некӣ карда натавонем, ақаллан бадӣ накунем, пеши роҳи тараққиётро нагирем.

Гурўҳи эҷодии рўзномаи донишгоҳии «Нури маърифат»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ