​Суруди миллӣ ифтихор аз соҳибватанист

Суруди миллӣ дар баробари Парчами миллӣ ва Нишони давлатӣ рамзи давлати соҳибистиқлоли мо ба шумор ва барои шаҳрвандони кишвар муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Иқдоми пешгирифтаи маорифчиёни ВМКБ оиди пеш аз оғози машғулиятҳо ба таври зинда замзама кардани Суруди миллӣ қобили дастгирӣ ва шоистаи таҳсин аст. Чунки мисраҳоишеъриСуруди миллӣ, ки ба қалами шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ тааллуқ дошта, аз ҷониби бастакори барҷаста Сулаймон Юдаков ба оҳанг дароварда шудааст, саршор аз муҳаббат ба Ватан, ватандорӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва умед ба ояндаи нек мебошад.

Пеш аз оғозимашғулиятҳоитаълимӣ, маҷлисҳоитантанавӣ, чорабиниҳои сатҳи гуногун хондани Суруди миллӣ ба дили хонандагон ва дигар шаҳрвандони кишвар ҳисси ватандӯстӣ, ғурур ва ифтихори миллиро баланд мебардорад.

Мазмуни Суруди миллӣ моро ба дӯстдории Ватан, баланд бардоштаниноми Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон, ёдоварӣ аз муборизаҳои тӯлонии халқамон барои истиқлолият, аҷдодони бонангу номусамон, боварии устувор ба фардои дурахшон аз ҷониби насли наврас, ваҳдати миллӣ, оромиву суботи кишвар мебошад.

Мазмуни матни Суруди миллӣ қисми таркибии мафкураи милии халқи тоҷик мебошад. Ҳар як сатр ва нақароти он, меҳру садоқати шаҳрвандон, махсусан, насли ҷавон ва ояндасози кишварро бо эҳсоси баланди меҳру садоқат, таҳаммулпазирӣ, арҷгузорӣ ба таърихи бостон ва фарҳанги миллӣ равона месозад.

Ҳамин тариқ мо ҷонибдори он ҳастем, киСуруди миллиро ҳар як шаҳрванди кишвар аз ёд донад ва бо оҳанги фораму гуворояш замзама карда тавонад. Дар замони муосир, ки истиқлолиятидавлатӣ ва суботикишварҳоиҷаҳонро буҳрони сиёсӣ ва сиёсатҳоипасипардагиигурӯҳҳоибадхоҳ таҳдид менамояд, дар заминаиэҳтиром ба рамзҳоидавлатӣ замзамаи Суруди миллӣ тарбия намуданинасли ҷавону ояндасозикишварайни муддао мебошад.

И.Ҷабборов декани факултети таърих ва ҳуқуқи МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ