​Кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба Ватан оварда шуданд!

Густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифродгароён рӯз ба рӯз характери фаромиллӣва глобалӣ ба худ касб намуда, хатари бузурге ба амнияту давлату миллатҳо оварда истодааст. Ин равандҳои номатлуб боиси ҷангу низоъҳои масҳабӣ, шаҳрвандӣ ва байнидавлатӣ гардида таҳдидҳои беамоне дар муқобили истиқлолияту ваҳдати миллатҳо менамояд. Чунин муносибат бешак таъсири манфии худро ба ҳаёти осоиштаимардуми сайёра расонида, боиси бехонаву дар, Ватан – модар, оилаву фарзанд, коштани тухми кинаву адоват байни дину мазҳабҳо ва давлатҳошудааст.

Дар солҳои 90-уми қарни гузашта мардуми мо чӣ ва кӣ будани миёнаравҳои хориҷию ҷаҳди ифродгароёнро бо чашми худ дида шоҳиди низову даргириҳо дар кишвар аст. Дасту дили нопоки ин ҷинояткорон дар давраҳоивазнин ҷанги шаҳрвандӣ сабабгорӣба доми хуну оташ кашидани ҷавонони тоҷик гардид, ки дар натиҷаи он даҳҳо ҳазор нафар фавтиданд.

Хушбахтона мардуми шарифи Тоҷикистон ба ин иғвогариҳои хоинон дода нашуда, сари вақт пеши роҳи онҳоро гирифтанд ва дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонмуттаҳид гардид ва бо ҷаҳду талошҳои сарвари давлат сулҳу ваҳдати миллӣ дар сарзаминамон тадриҷан барқарор гардиданд. Минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо ба пешравиҳои назари ноил гардид.

Имрӯз мутаассифона баъзе ҷавонон аз донишу фарҳанг дур монда ифротчиён афтода, ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгарою моҷароҷӯ шомил гардида, ҷони худу ҳазорони дигаррозери хатар мегузоранд.

Пайомадҳои чунин вазъи ногуворро дар мисоли Ироқ дидан мумкин аст. Баъзе ҷавонони ба доми ифротчиён афтида ҳамроҳи зану фарзандонашон ба Ироқ рафта дар амалиётҳои ҷанги ширкат варзиданд, ки дар натиҷа бисёри онҳо фавтитанд ва фарзандонашон бе сару бон монданд. Занони шавҳарашон дар ҷанг фавтида ва кӯдакони ятиммонда дар боздоштгоҳ ва ятимхонаҳои Ироқ ҳастанд.

Дар асоси дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон80 – нафар ятимоне, ки падару модарашон дар ҷанги Ироқ вафот карданду ба ятимхонаҳои Ироқҳастанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Тибқи талаботи моддаи 124-уми кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакони аз парастории падару модар маҳрум гаштанд аз Ироқ баргашта дар муассисаҳои кӯдакони ятим, дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ё дигар муассисаҳои ба онҳо монанд ҷойгир карда мешаванд.

Масъалаи тарбияи кӯдакони аз парастории волидайн маҳруммонда хеле муҳим ва ҷиддӣ мебошад, ки ба ин масъала Ҳукумати Тоҷикистон эътибори ҷиддӣ медиҳад.

Ҳидояту раҳнамоӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як умр дар хотири ятимон ва кормандони муассисаҳои кӯдакони ятим мемонад. Дар дунё ҳеҷ сарвари давлат нест, ки мислашон барои ятимон вақти қиммати худро сарф намояду ба шароити зисту таълимашон аз наздик шинос шаванд, бо онҳо падарона суҳбат биороянду панду андарз бидиҳанд, раҳнамояшон бинамоянд.

Барои решакан намуданигурӯҳҳои ифротгаро, ки бо ҳар роҳу унсурҳо оромии ҷомеабашариро халалдор месозад, муборизаи дастаҷамъонабояд бурд, чунки дар ин маврид бетарафӣ хиёнат ба ватан, миллат ва арзишҳоимиллӣ мебошад.

Итминони комил дорем, ки бо истифода аз донишу маҳорати худ шаҳрвандони кишвар ба суханони фиребонаи гурӯҳи ифротгарон фирефта нагардида, баҳри гулгулшукуфоӣ ва тинҷию оромии кишвари азизамон саҳми арзанда мегузоранд.

Дотсентони кафедраи Иқтисодиёти ҷаҳон Нуриддинова М., Акрамов М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ