​Изҳороти устодони кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик

Соли мазкур дар саросари ҷумҳурӣ ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта шуд. Ҳамаи мо хуб огоҳем, ки солҳои аввалини ба истиқлолият соҳиб шудани Тоҷикистон мардуми кишвари мо чӣ гуна рӯзҳоро аз сар гузаронид. Хароҷотҳои молиявию ҷисмоние, ки бо айби ҷанги шармандавори шаҳрвандӣ ба аҳолии Тоҷикистон расонида шуд, то ҳол аз худ дарак мерасонад. Имрӯз бошад, дар ҳолате, ки мо дар фазои ороми кишвар зиндагӣ дорем, ҳамаи он рӯйдодҳои оғози солҳои 90-умро таҳлил намуда, ба хулосае меоем, ки ҳамаи он бо айби курситалабии бархе аз мансабталошони он замон буд, ки ҷони садҳо ҳазор нафарро ба хатар ниҳода, ин ҷанги бемаъниро оғоз намуданд. Шояд ҷумҳурӣ аз ин вартаи ҷангӣ то дер намебаромад, аммо интихоб шудани Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон вазъияти кишварро рӯ ба беҳбудӣ ва осоиштагӣ овард. Аз ин рӯ вазифаи ҳар яки мо ин расидан ба қадру қиммати вазъи осоиштаи ватанамон мебошад, ки ба муносибати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва инро ҳамаи мо бояд эътироф намоем.

Аммо дар баробари ҳамаи ин имрӯз ҳам нафароне ёфт мешаванд, ки вазъи ороми кишварро халалдор месозанд ва фазои ноустуворро ба вуҷуд оранд. Аз ҷумла фаъолияти гурӯҳҳои иртиҷоии ТЭТ ҲНИ, Гурӯҳи 24, ПМТ, ки берун аз кишвар амал мекунанд, тамоми фаъолияти хешро барои танқид намудани сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон равона сохтаанд. Чунончи санаи 19-уми сентябри соли равон конференсияи анъанавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Варшава бо иштироки 57 кишвари аъзои созмон ва 1,3 ҳазор намоянда баргузор гардид, ки вазифаи асосии он баррасӣ намудани масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва амсоли он мебошад. Боиси нигаронист, ки дар ин конференсия намояндагони гурӯҳҳои иртиҷоии ТЭТ ҲНИ, Гурӯҳи 24, ПМТ ширкат варзиданд ва баромад ҳам намуданд. Баромади хешро бевосита аз танқид намудани сиёсати ҳукумати Тоҷикистон оғоз намуда, қайд намуданд, ки гӯё нисбати онҳо Ҳукумати Тоҷикистон беадолатона муносибат карда, бо ин роҳ фаъолияти гурӯҳҳои мухолифини сиёсиро сиёҳ менамоянд.

Агар чанд сол қабл мавзӯи танқиди ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ мушкилоти норасоии қувваи барқ ва маҳдудкунии он дар ҷумҳурӣ қарор дошта бошад, имрӯз бошад онҳо масъалаи муҳоҷирати меҳнатиро мавриди баррасии хеш қарор доданд.

Боиси таассуф аст, ки конференсияҳои ташкилотҳои байналхалқӣ ба майдони баҳсу набарди ҳукумати ҷумҳурӣ ва гурӯҳҳои мухолифин табдил ёфтааанд. Дар ин ҷо низ таърихро варақгардон намуда ба хотир овардан лозим аст, ки пас аз имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сулҳу оромии ватанамон 25 % -и вазифаҳои давлатиро ба намояндагони гурӯҳи онвақтаи мухолифин вогузорӣ намуд буд. Аз ин рӯ месазад, ки ТЭТ ҲНИ, Гурӯҳи 24, ПМТ, ки дар ботини худ мансабталошӣ намуда истодаанд, аз мақсадҳои ғаразноки хеш даст кашида, танҳо фикри ободии Тоҷикистон ва оромии мардуми онро намоянд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ