Бемории бедавои ватанфурӯшон?!
Аз рӯзи пайдоиши миллати тоҷик то имрӯз бегонагони муртат ба ин миллати тамаддунофар бо ҳисси бадбинӣ нигоҳ мекарданд. Чунин ҳиссиёти нораво ин муғризонро водор мекард, ки доимо бо кинаю адоват ва ғаразу ҳирси ҳайвонӣ ба миллати тоҷик нигоҳ кунанд. Ин раванди носолим ва бемории бадгӯию бадандешӣ солҳои тӯлонӣ ҳамчун хори растании кактус душманони Тоҷикистонро намегузорад, ки онон оромона зиндагонӣ кунанд. Муғризон диданд, ки амалҳои нопокашон ба ҳадафи аслиаш намерасад ва миллати тоҷик соҳибфарҳангу соҳибдавлат асту рахнаандозӣ ва тавфиқаандозӣ баракс миллати тоҷикро муттаҳид мекунад, тактикаи душманонаи худро дигар намуда, акнун ба он даст мезаданд, ки нопоку разилонро аз байни худи тоҷикон дарёбанд. Ин буд, ки бо ҷалби маблағҳои ҳангуфта аз хоҷагони разил, нафарони ҳирси ҳайвонӣ доштаро аз дохили кишвари зебоманзари Тоҷикистон дарёфтанд ва бо заҳролуд кардани майнаи пучашон онҳоро омода карданд, ки бешармонаю беҳаё ба сӯи миллату аҷдодони худ амалҳои ношоистаро анҷом диҳанд.
Чунин падидаи номатлуб ба сифати гурӯҳи мутташаккил ҷамъ гардидану баъдан созмон гирифтани Ҳизби наҳзати ислом аз нафарони майнапуч рӯйи кор омад, ки асари хиёнатпешаю сиёҳдилии ононро то имрӯз мардуми бофарҳангу боору номуси Тоҷикистон эҳсос менамоянд. Нафаре, ки майнааш холию заҳролуд бо иғвою бӯҳтон ҳеҷ вақт натавонад орому осуда будану зистан, зеро ин тинати бадро Иблис идора мекунаду ҳамеша ба разилӣ равона месозад. Дар ин мавқеъ бояд тазаккур кард, ки дар як фирқа ҷамъ омадани ҷомеаи тобеи Шайтони разил, ки худро чун ҳизбиёни дини мубину поки Ислом мешуморанд, хеле таассуфовар аст. Чунки, ҳазорҳо нафар ҷавонони майнаи беолоишдошта ва огоҳи пурра набудаи қишрҳои мухталифи ҷомеа аз муқаддасоти дини Ислом фирефтаи ниятҳои разилонаи нафарони нопок мешаванд. Онҳо бехабаранд, ки як зумра муғризони виҷдонфурӯшу ватангадо бо маблағи хоҷагони хориҷӣ майнаи онҳоро заҳролуд кардаанду рӯҳу ҷисми онҳоро бо мақсадҳои нопоки худ идора мекунанд.
Зиндагонӣ дар ҷомеаи солиму осуда, соҳиби оилаи пойдор, ҷойи кори мувофиқ, муносибати хубу муоширати озод бо ҳамкорону ҳамсоягон, дӯстону хешу ақрабо, ифшои озодонаи андешаҳои фитрӣ ва дигар музаффариятҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нодида гирифтани нафарони нопок аз палидии онҳо шаҳодат медиҳад. Зеро ҳар фарде, ки соҳибтафаккур асту ҷаҳонгашта, бохабар аз навгониҳои олами пурталотӯб огаҳӣ дорад, ки дар ҷаҳон ягон давлате, ки ҳукумати қонуниаш бо халқаш доимо ҳамдилу ҳамтинат, пайвасту муттаҳид бошанд, ангуштшуморанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии абармардони шуҷоъ ва содиқ ба Ватан давоми давраи кӯтоҳи Истиқлолияти давлатӣ соҳиби дастовардҳои бузурги таърихӣ гашта тавонист, ки дар арсаи ҷаҳонӣ миллати тоҷику халқи Тоҷикистонро бо иқдомҳои шоистааш ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, пешгирии паҳншавии маводи мухаддир, муқовимат ба падидаи номатлуби терроризму экстраризм ва ғайра бо сарбаландӣ муаррифӣ намояд. Ин дастовардҳои халқи бузурги Тоҷикистонро танҳо нафарони палиду разил, ки сиёҳдилу бадтинат, муғризу нобакор, иғвогару тафриқаандоз, ватанфурӯшу ватангадо, хоину хиёнатпеша дида наметавонанду дур аз Ватани аҷдодии хеш истода мехоҳанд, сангпартоӣ кунанд.
Итминони комил дорам, ки ҷомеаи яктану муттаҳид, соҳибваҳдату тамаддунофари Тоҷикистон ҳамаи давру замон баҳри як порчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ ҳамеша дар гирди роҳбарияти олии кишвари азаизам сарҷамъ ҳастанду нерӯи ақлию ҷисмонии худро баҳри орому осудагии Ватани зебоманзарашон сарф менамоянд. Ягон нохалафро мақсадҳои муғризаш ба ҳадаф намерасад, зеро Тоҷикистон макони ободу сулҳофар асту боқӣ мемонад!
Мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология, дотсент номзади илмҳои кишоварзӣ Собиров Мурод Собитҷонович