​Нохушӣ дар сарҳади Қирғизистон

Санаи 18.12.2019 дар сарҳади Тоҷикистону Қиргизистон низоъ байни ин ду кишвар рух дод. Истиқоматкунандагони маҳаллаҳои наздисарҳадии ин ду кишвар муноқиша дар байни онҳо ба амал омада ва дар натиҷа тезу тунд шудани сӯҳбат ба якдигар ба сангғуронӣ гузаштанд. Аз рӯи гуфтаи шаҳрванди Исфара Зубайдулло Шомадов ҳангоми ин муноқиша панҷ нафар осеб диданд, аз ҷумла як мактаббача ва имоми масҷид. Ба ҳамаи осебдидагон дар беморхонаи марказии Исфара саривақт ёрии таъҷилӣ расонида шуд, мегӯяд духтури навбатдори беморхонаи мазкур. Ҳоло кормандони соҳаи тандурустӣ ҳолати онҳоро мӯътадил меҳисобанд ва ҳамаи осебдидагон ба бистарӣ шудан дар беморхона розӣ нашуданд. Аз гуфтаҳои духтурон маълум гардид, ки ба саломати онҳо хатаре нест.

Инчунин маълумот дода шуд, кибарои қатъ кардани низоъ байни муноқишакунандагон аз ҷониби сарҳадчиёни Қирғизистон бо яроқи аслиҳа алови оташфишон кушода шуд. Аз ҷониби сарҳадчиёни мо низ чунин амалиёт ҷавоб дода шуд.

Аз ҷониби намояндагони расмии кишвари ҳамсоя маълумот дода шуд, ки шаш нафар шаҳрванди Қирғизистон дар натиҷаи ин ихтилофот осеб диданд.

Рӯзҳои наздик вохӯрӣ байни истиқоматкунандагон ва мақомотҳоидахлдордар деҳаи Сомониёни ноҳияи Чоркӯҳ гузаронида шуд. Аз маълумотҳои сомонаҳо маълум мегардад, ки ҳолат дар маҳаллаҳои наздисарҳадӣ устувор аст.

Мо бошандагони Тоҷикистон мехоҳем, ки сараввал дар ватани азизамон ва умуман дар ҳар кунҷу канориолам сулҳу субот танинандоз бошад ва ҳеҷ гоҳ муноқишаву низоъ байни ду кишвари ҳамсоя дида нашавад.Чуноне ки Пешвои муаззами мо, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомали Раҳмон гуфтаанд: “Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлатва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд ”.Ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд ба кишвари азизи худ софдилонаву содиқона хизмат намоянд.Мо омӯзгорони ҷавон суханони пешвои миллатророҳнамоихуд меҳисобем:”Сулҳу оромӣ шарти ободиву пешрафт ва амалӣ гардидани ҳамаи нияту орзуҳои неки ҳар як инсон мебошад”.

Омӯзгорони кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқ Юлдошева М.А, Бобокалонова П.И.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ