Амнияту осоиштагӣ мароми мардуми тоҷик аст!
Тинҷию амонӣ ва осоиштагии мардум асоси ободӣ, пешрафту тараққиёт ва рушди давлату кишвар аст.Аз қадимулайём мардуми тоҷику қирғиз паҳлу ба паҳлу озодона ва дўстона дар ҳамсоягии ҳамдигар зиндагии осудаҳолона доштанд. Лек дар чанд соли охир муносибатҳои ин ду кишвари ба ҳам дўсту ҳамсоя муташанниҷ гардида, байни мардуми сарҳадӣ муноқишаҳои марзӣ тез – тез ба амал омадан гирифтанд. Дар натиҷа ин муноқишаҳои сарҳадӣ боиси ҷангу хунрезӣ ва куштори нафарони зиёди мардуми бегуноҳгардид , ки ин ҳодисаҳои нангин хеле оқибатҳои нохуш оварда истодаанд ва ташвишовар аст.
Дар расонаҳои хабарӣ гуфта мешавад, ки давоми соли 2019 дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон 14 маротиба муноқишаю тирпарронӣ рух додаст, ки дар натиҷа 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистон кушта, зиёда аз 60 нафар маҷрўҳ шудаанд.
Бетартибиҳое, ки имрўзҳо тез – тез аз тарафи афсарону сарбозони қўшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон дар марзи ин ду кишвар – дар маҳаллаҳои наздисарҳадии Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ва Чоркўҳу Ворухи Ҷумҳурии Тоҷикистон рух медиҳанд, мардуми одии меҳнаткашро сахт ба ташвиш овардааст.
Сокинони маҳалҳои наздисарҳадии деҳоти Чоркўҳу Ворухи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ҳодисаҳои иғвогаронаю моҷароангез беш аз беш азият мекашанд ва дар ин амалҳои нангину ҳалокатовар низомиёни қирғизро гунаҳгор меҳисобанд.
Рўзҳои наздик комиссияи босалоҳият аз ҷониби ҳар ду кишвар бо роҳбарии муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва ҳамтои қирғизаш дар шаҳри Исфара гуфтушуниди расмӣ анҷом пазируфт. Дар натиҷаи гуфтушунид тарафҳо ба мувофиқа расиданд.
Умед ва боварии комил дорем, ки ақли солим ғалаба хохад кард ва гунаҳгорони асосии ҷангу муноқишаҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд ва сарҳади кишварҳои бо ҳам ҳамсояи Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамешагӣ дар фазои суботу ҳамдигарфаҳмӣ ва дўстӣ барқарор хоҳад шуд.
Шаропов Ш., Рабиев С., Убайдуллоев А. – устодони МДТ “ДДХ ба номи ак.Б.Ғафуров