Қудрати давлату миллат аз донишу илми ҷомеаи он
Давоми даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анъанаи хуби давлатдорӣ ташаккул ёфтааст, ки он табрикоти сарвари давлат ба ифтихори Рӯзи дониш – 1 – уми сентябр мебошад. Дар ин васила аҳли маорифи кишвар санаи 1 – уми сентябри соли 2019 бо шавқу рағбати беандоза суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шуниданд. Сарвари маорифпарвару адолатпешаи кишвар давоми суханронии худ ҳамаи мардуми диёрро бо фарорасии бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ - 28 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда доир ба пешбурди раванди ҷаҳонишавии ҷомеа ва мавқеи маорифчиён дар он таҳлили бисёрҷабҳаи мушаххасро баён кардаанд. Хусусан, ёдоварии Пешвои муаззами миллат аз хоинони миллати тоҷик бо пуштибониву маблағгузории хоҷагони хориҷии худ ва “ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ виҷдону имон ва ҳатто мазҳабашонро фурӯхта буданд” нишонаи зиракӣ ва дурандешии он кас мебошад. Қайд намуданд, ки “Ин хиёнати таърихии онҳо боиси қурбон шудани беш аз 150 ҳазор нафар ҳамватанонамон, ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакони бегуноҳ, ба гуреза табдил ёфтани бештар аз як миллион сокинони мамлакат ва хисороти азими моддиву молиявӣ гардид. Дар маҷмӯъ, ҷанги шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири рушд даҳсолаҳо ба ақиб партофт”. Зеро, ин палидони худозада то ҳол амалҳои хиёнаткоронаи худро тавассути тӯҳматсозӣ ва дурӯғбофиву дасисабозӣ идома дода истодаанд. Наҳзатиёни ифротӣ наметавонанд, ки дили нопоки худро аз палидӣ пок созанд ва пайваста бо иғвогарию ҳарзагӯӣ хоҳони расонидани футур ба сохти давлатдории Ватани азизамон ҳастанд. Андешаи софдилонаю фозилонаи Пешвои муаззами миллат “дасисаву тӯҳматбофӣ дар ҳаққи Ватан, модар, миллат, давлат ва зодгоҳи худ, яъне обу хоке, ки онҳоро парваридааст, хусусияти зотӣ ва хислати пасти инсонии чунин шахсони хиёнатпеша мебошад” шаҳодати он аст, ки мақомоти давлатӣ аз ҳамаи амалҳои нобакоронаи хоинон бохабаранд ва ҷиҳати рафъи ин балои азим зиракии доимиро аз даст намедиҳанд. Қадршиносии сарвари давлат бо ибрози “маҳз бо дастгирии мардуми сулҳдӯсту таҳаммулгароямон мо дар кишвар сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллиро таъмин кардем ва боз ҳам бо заҳмати аҳлонаи мардуми шарифи Тоҷикистон хисороти ҷанги шаҳрвандиро бартараф карда, барои расидан ба марҳалаи рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ роҳ кушодем”, табъи мардуми кишварро болида намуда роҳнамо ва дастури мушаххас ҷиҳати ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон ва якпорчагии Ватани азизамон мебошад. Таҳлили давраҳои таъсис ва ташаккули Донишкадаи идоракунии давлатӣ бо маросими ифтитоҳи биноҳои замонавии муҷаҳҳаз бо воситаҳои муосири техникӣ нишонаи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоиро пеша кардааст ва сол аз сол дар шаҳру навоҳои кишвар биноҳои наву замонавӣ муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ, озмоишгоҳҳо ва таълимгоҳҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба истифода дода шуда истодаанд.
Президенти кишвар иброз доштанд, ки “рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як халқу миллат аз сатҳи саводу маърифат, савияи донишҳои касбии хизматчиёни давлатӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо вобастагӣ дорад” ва маорифчиён мебояд ҷиҳати тарбияи кадрҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дорои ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқи касбӣ, қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва забондон бошанд, эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Моён, устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиат ва донишҷӯёни ихтисосҳои “экология” ва “агроэкология” – и факултети геоэкология дастуру супоришҳои баён намудаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода баҳри таъмини иҷрои онҳо доимо саъю кӯшиш хоҳем кард.
Зиндаву поянда бод Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон !!!
Собиров М.С. - мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология, дотсент