Тахаллуси «Истаравшанӣ»-ро аз номи сайидюнус бигиред!
Ҳамагон медонанд, ки имрўзҳо зодаи Истаравшани бостонӣ Бурҳонов Юнус Аббосович дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад ва пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари мардуму миллати хеш борони туҳмату буҳтон мерезад. Албатта, амалҳои моҷароҷўёнааш сари хасе таъсир надоранд, вале моро ин далел нороҳат намудааст, ки ў бо интихоби лақаби «Истаравшанӣ» ба номи шаҳри бостонии мо иснод меорад. Бо мақсади пешгирӣ аз бадномсозии минбаъдаи диёрамон мо — як гурўҳ сокинони шаҳр тасмим гирифтем, бо номае ба сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон муроҷиат намуда, асли ин шахсро барояшон тавзеҳ диҳем.
Баъди иншои нома гурўҳи мазкур банда — Юлдошев Илҳом Эргашевичро муваззаф намуд, ки онро ба ҷаноби сафир расонам. Онҳо бароям роҳпулӣ ҷамъ намуда, мусофирбареро киро карданд ва ман рўзи чоршанбе, 17-уми октябри соли 2017 озими шаҳри Душанбе гаштам. Ду ағбаю ду нақбро гузашта ба пойтахт расидам. Ба хастагӣ нигоҳ накарда, соати 14.00 ба Сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтам ва аз шахсони масъул хоҳиш кардам, ки ба ҷаноби сафир хоҳиши маро расонанд. Баъди чанд дақиқа як корманди эронии Сафорат баромада шахсияти ман, чӣ кора буданам ва мақсади вохўриамро бо сафир пурсид. Худро муаррифӣ намудам ва гуфтам, ки аз номи гурўҳи сокинони шаҳри Истаравшан ба ҷаноби сафир номае дорам, ки тибқи хоҳиши аксарият онро бояд шахсан ба номбурда расонам. Корманди Сафорат изҳор дошт, ки «Ҷаноби сафир масруф ҳастанд ва Шумо бо рақами 4888810 дар тамос шавед, бароятон мерасонанд, ки эшон Шуморо кай мепазиранд»…
Ба ин рақам занг задам, аммо натавонистам бо касе пайваст шавам. Маҷбур шудам боз ба Сафорат равам. Боз ҳамон нафар маро қабул кард ва гуфт, ки «рақами телефон иштибоҳ шудааст ва дар асл ин рақам 48888610 мебошад. Ҷаноби сафир ҳоло нестанд, давоми рўз занг занед, натиҷаашро ба Шумо хоҳанд гуфт». Рўзи дигар занг задам, нафаре аз кормандони эронии Сафорат гўширо гирифт ва чун мақсадамро изҳор кардам, посух дод, ки «Ҷаноби сафир хеҷ касро ба ҳузур намепазиранд. Ман бошам, вақт надорам. Ҳоло як корманди тоҷики Сафоратамонро даъват мекунам, то арзи Шуморо бишунавад»…
Чун дидам муроде ҳосил намешавад, ҳайрону музтар мусофиркашеро кироя намудам, ду ағбаю ду нақбро гузашта, хастаю бемадор ба шаҳри Истаравшан баргаштам.
Дар роҳ як фикр ҳеҷ оромам намегузошт, ки «чаро сафири кишвари бузург, танҳо дар Душанбе фаҳмидам номаш оғои Фағонӣ будааст, як омўзгори одиро, ки бо хоҳиши гурўҳи шаҳрвандон наздаш омадааст, қабул намекунад, вохўриро бо ў ор медонад, вале дар мамлакаташ Кўри Юнусро, ки давлати ҳамдину ҳамзабонашонро пайваста сиёҳ мекунад, дар сатҳи болотарин пазируфта, шароити кору зиндагиашро дар қаламрави кишвар фароҳам месозанд. Ин чӣ муаммост?»
Чун ба шаҳри Истаравшан расидам, ба сокинон вазъро фаҳмонидам ва тасмим гирифтем, ки номаро дар расонаҳо нашр кунем. Шояд ҷаноби сафир вақт пайдо намуда онро мутолиа мекунад. Боқӣ қазоват аз онҳост”.