​Ҳизби хиёнатпеша

Аз замони табаддулоти нофарҷоми ТТЭ ҲНИ инак соли саввӯм сипарӣ шуд. Ин ташкилоти террористии хиёнатпеша, ки аз роҳҳои қонунӣ ба даст овардани қудрати сиёсиро натавонист ва дар интихоботи парлумонии 2015 ду курсии дар парлумондоштаро аз даст дод, шеваҳои хашини фаъолиятро истифода кард. Ин табаддулоти наҳзатиҳо сабаби бори дигар мағшуш гардидани фазои кишвар гардид.

Роҳбарони ТТЭ ҲНИ бо роҳи мағзшӯӣ ва истифода аз силоҳ хостанд дубора кишварро бо хуну хок даромезанд. Саркардагони ин ҳизб, ки дар дарозои замони мавҷудияти хеш кореро ба ҷуз аз хиёнат ба миллат анҷом надода буданд ва ҳамеша аъмоли онҳо зидди озодӣ ва истиқлоли миллӣ буд, бори дигар хиёнат намуданд. Воқеан, дар нафари беҳувият ва дастнишондодаи хориҷиён ҳеҷ вақт озодӣ ва хештаншиносии миллӣ мавҷуд нест, барояш ҳеҷ арзише илло арзиши иҷроиши дастури сармоягузоронаш вуҷуд надорад. Ҳамин аст, ки ин нафарон ҳатто дарк накарда буданд, ки он замон мардуми кишвар дар мароҳили омодагӣ ба ҷашни муҳими миллӣ 24 солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дошт. Ба ин нигоҳ накарда наҳзатиҳо дар арафаи ҳамин ҷашни муқаддас даст ба куштору хунрезӣ ва табаддулоти давлатӣ заданд. Саркардагони ин ташкилоти террористӣ гумон мекарданд, ки аз ҷониби мардум дастгирӣ меёбанд ва аъмоли касифонаи солҳои 90-ӯм содиркардаи худро такрор мекунанд. Хушбахтона мардум бар зидди ин нияти бади наҳзатиҳо бархостанд, зеро ҷиноятҳои зиддиинсонӣ ва зиддимиллии ин ташкилоти террористиро, ки сабаби ҷанги шаҳрвандӣ гардида боиси марги 150 ҳазор сокинони кишвар шуд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш накарданд.

Ин ташкилоти террористӣ пас аз созишномаи сулҳ ва ризояити миллӣ ҳам аз ғаразу ҳамоқатҳои хеш даст накашида ба тарзи мудовом ба террори давлатӣ машғул шуд ва аз озодиву имконҳое, ки дар заминаи ин созишнома ба даст оварда буданд, истифода карда, кӯшид то ҷомеаро сахт мазҳабиву хурофотӣ ва таасубзада намояд. Афкори пучу бемояи ин ҳизб зеҳни ҳазорон ҷавононро мағшуш карда, сабаби ба гурӯҳҳои террористӣ пайваст шудани онҳо гардид. Қудратталабиву ғасби ҳокимияти сиёсӣ бо мақсади бунёди ҷомеаи теократӣ аз ҷониби кишварҳои муайяни хориҷӣ барои саркардагони ин ташаккула ҳамчун ҳадафи асосӣ қарор гирифта буд. Ҳамин буд, ки Абдуҳалим Назарзода новобасӣа аз он, ки даҳҳо миллион сармояро доро буд, ба давлату миллат ва савганди ҳарбӣ хиёнат намуд. Ҳодисаи бавуҷудомада зеҳнҳоро такон дод ва муҷиби он шуд, то бори дигар андеша намоем, ки оё ҳар нафари ба мақом расида сазовори ҳамин ҷойгоҳ аст ё хайр? Зеро як нафаре, ки чунон унвони баланди ҳарбиро соҳиб гардида бошад, намояд ба ин тарзи хашину номуносиб ҷомеаро ба изтироб оварда, алайҳи давлату миллати хеш аслиҳа мебардошт. Ҳодисаи бавуқӯъпайваста, воқеан хиёнат буд, хиёнат ба давлат, хиёнат ба миллат, хиёнат ба Ватан ва хиёнат ба ҳамаи муқаддасоти ин марзу бум.

Амали хиёнат дар арзишҳои ахлоқии инсоният бадтарин амал аст, зеро хиёнат ҳамаи арзишҳои инсониро ботил месозад ва нафари хоин сифати инсониро аз даст медиҳад. Мусаллам аст, ки Назарзода чун дар замираш ҳувияти баланди милливу хештаншиносӣ надошт, ҳарчанд зоҳиран худро содиқи Ватан нишон медод, вале дар асл иҷрокунандаи дастури роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва сарпарастони хориҷиаш буд, ки ин ҳодиса онро собит сохт. Қайд кардан ҷоиз аст, ки аз ҷониби ҳамин навъ нафарон ҳама гуна хиёнатро метавон интизор шуд. Таассуфу аламу дард аст, ки як нафаре ношоиста бо ҳар роҳу восита ба чунин мақоми баланд мерасад ва саранҷом намакношиносию ноҷавонмардӣ ва хиёнату разолатро ба миллату давлати худ раво мебинад.

Ин хиёнат, ки бо дастури саркардагони ТТЭ ҲНИ сурат гирифтааст, хиёнати аввалини наҳзатиҳо набуд, балки онҳо хиёнатро аз бомдоди истиқлол шурӯъ намуда, дар солҳои 90-ӯми қарни гузашта вуҷуди миллату давлатро зери савол бурданд. Истиқлолияти бадастомадаро хоинона ва ноҷавонмардона ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил доданд. Мардумро бехонумон, иқтисоди кишварро фалаҷ ва арзиши истиқлолиятро дар зеҳнияти табақаҳои иҷтимоӣ коста намуданд. Ғайр аз ин дар замири саркардагони ин ҳизб арзиши истиқлолияту худшиносии миллӣ набуд, худро ба оғӯши доираҳои мазҳабии баъзе кишварҳои исломӣ супурданд ва ба ҷои арҷ гузоштан ба Истиқлолият худро дубора банда ва вобастаи пулу сармояи дигарон намуданд ва бо ҳамин роҳ мехостанд мардуми кишварро ба барда ва вобастагӣ табдил диҳанд. Онҳо дарк намекарданд, ки барои як миллат ва як кишвар ба Истиқлолият расидан чӣ маъно дорад, зеро афкори космополитикии динӣ, ки ин нафарон дар ҳамин рӯҳия тарбия шуда буданд, барояшон имкон намедод то мафҳуми Истиқлолият ва арзишҳои онро дар сатҳи миллӣ дарк намоянд. Аз тарафи дигар барои ин нафарон худи шинохти миллат дар дидгоҳи танг ва маҳдуд дақиқ дар шакли маҳалгароӣ ва дар шакли дину мазҳаб фаҳмида мешуд.

Саркардагони ҷиноятпешаи инташкилоти террористӣ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, ҳокимияти феълиро ба нақзи созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ иттиҳом мезананд. Ҳол он ки аксари қонуншиканиҳо ва ноором сохтани вазъи ҷомеа аз ҷониби аъзо ва раёсати ТТЭ ҲНИ коргардонӣ шудааст. Аз ин рӯ, дар поймол кардани принсипҳои созишномаи сулҳниз иттиҳоми асосӣ ба худи ТТЭ ҲНИ бармегардад ва равшантарин далели он Абдуҳалим Назарзода аст, ки бо дастури ТТЭ ҲНИ даст ба силоҳ бурд ва боиси куштору хунрезӣ гардид.

Роҳбарои ТТЭ ҲНИ ҷоҳталабонаю мақомхоҳона аз дини мубини ислом сӯистифода карда, аз худ чеҳраҳои сиёсию мушкилосонкун вонамуд мекарданд. Вале дигар аҳли ҷомеа найрангҳои шуморо медонанд. Наҳзатиҳо аз миллату мазҳаб ҳарф мезананд, вале аввалин хиёнатро ба миллату мазҳаб кардаанд. Хиёнати ТТЭ ҲНИ ба миллат он аст, ки ба хотири манфиатҳои молиявӣ иродаи кишварҳои бегонаро зидди миллату ватани худ амалӣ мекунад. Як бозичаи сиёсӣ дар дасти доираҳои хориҷии манфиатдор аст. Наҳзатиҳо динро ҳам ба як омили хатарноки ҷомеа табдил додаанд.

Хушбахтона, аз солҳои 2000-ӯм мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ба сар мебаранд ва зина ба зина иқтисоди кишвар рушд мекунад ва масъалаҳои иҷтимоӣ ҳалли худро пайдо мекунанд. Ҳамаи мушкилотро мо танҳо дар сулҳу осоиштагӣ бароварда карда метавонем. Аз ин рӯ, ҳар фарди миллатро зарур аст масъулиятшиносона ва содиқона вазифаи хешро анҷом диҳад ва бар зидди душманони миллат – рощьарони ТТЭ ҲНИ муттаҳид бошанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ