​Умрро бояд ғанимат шумурд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин лаҳзаҳое, ки бори гарони сарвариро бар дӯш гирифтанд, дар ҷодаи мадорову ҳамдигарфаҳмӣ қадамҳои устувор гузошта, баҳри муттаҳид сохтани халқи тоҷик парешоншудаистодаи тоҷик талошҳо варзиданд ва якпорчагии марзу буми Тоҷикистонро таъмин сохтанд. Он ҳама ҷонбозиву ибтикороте, ки ин шахси муътабар ва сарсупурандаи миллати тоҷик ба анҷом расониданд, дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои зарҳалин сабт хоҳанд гардид. Сиёсати оқилонаву дурбинонаи ин фарзанди фарзонаи миллат боиси ба ҳам омадани халқу миллати аз ҳам гусаста гардид ва фазои сулҳу оромӣ дар кишвар падид омад.

Паёмади чунин созишкорӣ аст, ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба сӯи фардои дурахшон зина-зина роҳ кушода ва итминон дорем, ки баъди чанд даҳсола кишвари Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои мутараққии дунё табдил хохад ёфт. Мутассифона, то ҳол нафароне пайдо мешаванд, ки барои ба даст овардани ғаразҳои шахсӣ теша бар решаи халқу Ватан заданӣ мешаванд. Онҳо худро дар зери ниқоби дину мазҳаб пинҳон дошта, барои манфиатҳои шахсӣ талош меварзанд, бо корфармоёни хориҷиашон аҳду паймон доранд, вале, аслан, аз асосҳои дину моҳияти каломи раббонӣ бехабаранд.

Ҳамин гуна вазъияти ногувор имрӯз дар тамоми олами Шарқ ҳукмфармрст. Ин ҳолати риққатовар дар мақолаи Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода таҳти унвони “Дин ва арзишҳои миллӣ” акси худро ёфтааст. Муаллиф аз вазъи имрӯзаи кишварҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, таъкид бар он доранд, ки имрӯз “вақте он расидааст, ки мардумони мусулмони олам назари худро нисбат ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, ки ҳамчун бузургтарин неъмат кафили озодии эътиқод ва саодати мардуми эътиқодманди олам аст, таҷдиду назар намоянд”.

Ҳақ бар ҷониби нигорандаи ин сатрҳост, ки кафили озодии эътиқодро маҳз дар фарҳанги миллӣ ва давлатӣ соҳибихтиёри миллӣ арзёбӣ менамояд. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо воқеан ҳам мардуми гуногунмазҳаб дар паҳлӯи ҳам орому осоишта умр ба сар мебаранд, давлат барои онҳо шароит муҳайё кардааст, ба ягон намояндавуэътиқодманди ин ё он мазҳаб тазйиқ оварда намешавад.

Мардуми кишварҳои Шарқро лозим аст,ки ҳамин рисолатро сари вақт дарк намоянд. Бино ба андешаи муаллифи мақола ҳаминро донанд,ки” ҳамаи онҳоро Офаридагори якто халқ кардаасту паёмбари барҳақ ҳидоят карда ва китоби ягонаи осмонии Қуръон роҳнамоӣ кардааст”. Дар ҳолати маърифат накардани ин масъала бояд донанд, ки ин умри кӯтоҳ танҳо якбор дода мешаваду дар як лаҳза сипарӣ мегардад. Хуш ҳоли он нафароне, ки ба қадри он мерасад ва умрро хуш мегузаронад, дар талоши беҳуда онро масраф намесозанд, корҳои хайрро анҷом медиҳанду тӯшаи охиратро омода месозанд.

Ҳаким Соиби Табрезӣ фармуда:

Аз работи тан чу бигзаштӣ дигар маъмура нест,

Зоди роҳе барнамедорӣ аз ин манзил чаро?

Садорати факутети филологияи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ