Маҳалгароӣ нашояд!
Имрӯзҳо байни ҷавонони кишвар падидаҳои хеле номатлуб пайдо шудаанд, ки яке аз онҳо маҳалгароӣ мебошад.Аслан маҳалгароӣ ё маҳалчигӣ аз падидаест, ки дар тамомидунё мавҷуд буд ва ҳаст. Лекин иннабояд сабаби паҳн гардиданиин падида дар ҷомеаи мо бошад.Гумон мекунам ҳар як фарди тоҷик имрӯз бо асли хеш, таъриху тамаддун ва миллати хеш ифтихор дорад.Зеро тоҷиконмардуми заковатманду тамаддунсоз буданд ва хоҳанд монд.
Мубориза зидди маҳалгароӣ бояд тунду тез ва бошиддат бошад,зеро мо калонсолон барои насли оянда ибратбояд бошем. Агар нисбати маҳалчигию маҳалгароӣ бетараф бошем , онгоҳ ояндаи фарзандон ва насли оянда чӣ хел хоҳад шуд???...
Сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамаи табақаҳои ҷомеа, халқу миллатҳоро зеро як ливо мутаҳҳид кардааст, шоёни таҳсин мебошад. Мо набояд гузорем, ки байни як миллат-тоҷик, як ватан-Тоҷикистон маҳалчигиву маҳалгароӣ ҷой дошта бошад.
Ҷавонону наврасонро зарур аст, ки ба илму дониш бештар рӯ оварда, ба ягон дасисаву иғво фирефта нашаванд. Зеро душманони миллат имрӯзонҳоро ба ҳар гунагирдиҳамоиву дигар падидаҳои номатлуб ҷалб намуда, бо дасти онҳо кори сиёҳи худро ба анҷом мерасонанд. Мо, калонсолон нагузорем, киояндаи мо - ҷавонон ба доми чунин иғвогарон афтанд.
Ҳар як халқу миллат бо воситаи фарҳангу маданият, илму дониш шинохта мешавад.Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳуда ҳамаи ҷавондухтарону ҷавонписаронро барои ба таҳсил ҷалб кардан, ҷидду ҷаҳд накарда истодаанд.Зеро барои аз байн бурдани чунин падидаҳои номатлуб саводи кофӣва маданияти баланд бояд дошт, ки он танҳо бо воситаиилмомӯзӣба даст хоҳад омад.
Барои ислоҳи чунин вазъияти ногувормаданият ва саводи хуби падару модар хеле муҳим аст. Кӯдакро аз хурдӣ дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву якпорчагӣ тарбия бояд кард.
Худ қазоват кунед, агар ба ҷое, ба ягон кишвари бегонае рафта бошему онҷо яке аз ҳамватанонро вохӯрем, чи қадар хурсанд мешавем. Новобаста аз он, ки мо он шахсро мешиносем, ё на. Инҷо ифтихори миллии мо, ҳисси ватандӯстӣ боло мегирад.Пас, чаро дар ватани худ мо якдигарро ношинохта мегирему байни худ муросо намекунем?
Эй мардум, биёед ин падидаи номатлуб мисли маҳалгароӣ ва маҳалчигиро аз байн бурда, ба дасисаву бӯҳтонҳои душманони миллат роҳ надиҳем.
Аҳли ҷомеаи кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ