САҲА-ро кӣ афсуну гумроҳ мекунад?
Руйдодҳои ибрози ақидаи мухолифин дар САҲА маро ба ҳайрат гузошт. Дар назди коршиносони байналмилалӣ Ватани худро ва аз сарзамини худизҳори пушаймонӣ намуда, боз мақоми гурезаро пардапӯш карда дастагули туҳматро партофтан чӣ маъно дорад? Ба қавли шоир:
Сохтам чун шона номи зулфи ӯ вирди забон,
Охир аз афсун дамидан ром кардам мори ишқ.
Ба чи афсункориҳое даст намезананд пайравони наҳзатӣ?
Ба ин ҳангомаи сиёсӣ мухолифин дар Аврупо худро вирди забонҳо карданӣ шуд. Аммо бехбар аз он ки кайҳо аз ҷониби сиёсатмадорони мақомотҳои ҷосусии кишварҳои хориҷа худ афсун карда шудааст.
Аммо арзишҳои муқаддаси миллӣ ба мисоли Ватан-модар, миллат, мулки обод куҷо шуданд? Наход афсуни зархаридон шуда чун мори ромшуда ба сурнайихориҷиҳо рақс кунад. Ҳайфи фарзанд ва обу хоки Тоҷикистон, шавӣ!
Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд зистан маънии риояи қонунҳои мавҷудаи кишвар мебошад.
Баробари баҳраёбӣ аз ҳуқуқҳои инсон маърифати шаҳрвандии худро низ бояд такмил дод. Яъне уҳдадории шаҳрванд тибқи Конститутсия супоридани андоз ва адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ.
Боқӣ шомили дину мазҳаб ва ҳизбу ҳаракат шудан аз сатҳи маърифати шаҳрванд гувоҳӣ медиҳад. Аммо дар ин ҳолат наврасону ҷавонон бояд зери назорати волидону устодон бошанд.
Ба даъвои мухолифини дар маҷлиси САҲА розӣ нестем, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон поймол мешуда бошад.
Мо бояд дарк намоем, ки маърифати инсонӣ аз маърифати шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон сарчашма мегирад.