Факултети забонҳои шарқ: Баргузории маҳфили “Ситораҳои шарқ”
Дар факултети забонҳои шарқ маҳфили илмӣ-адабии “Ситораҳои шарқ”-и кафедраи филологияи араб баргузор гардид.
Дар чорабинӣ декани факултети забонҳои шарқ дотсент Ислом Раҳимов ва устодону донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.
Дар маҳфил қайд гардид, ки равобити адабии Арабу Аҷам аз замонҳои қадим то ба ин дам пайвастагии ногусастанӣ доранд ва омӯхтани таърихи адабиёти араб барои ворисони адабиёти форсу тоҷик амри ҳатмӣ ва ногузир аст. Бидуни он шинохти комили таърихи адабиёти форсу тоҷик, сарчашмаҳои ташаккулу таҳаввули он ғайриимкон аст, зеро тӯли асрҳо шоирону нависандагони мо бахше аз эҷодиёти пурқиммати худро ба забони арабӣ таълиф намудаанд. Аз ин рў, барои дарёфт омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи осори гаронбаҳои арабизабони тоҷикон нақши маҳфили илмӣ-адабии “Ситораҳои шарқ” хеле назаррас мебошад.
Дар интиҳо, декани факултет Ислом Раҳимов сухан ронда, арз намуд, ки мақсади ташкил ва гузаронидани маҳфили фавқуззикр сайқал додани маҳорати суханварӣ ва дониши донишҷӯён мебошад.
Ниссохон Дадоҷонова, аъзои маҳфили “Нерӯи сухан”