Дӯстии халқҳо поянда бод!
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Дар амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Ҳақ бар ҷониби ин гуфтаҳо аст. Аз замонҳои қадим гузаштагони мо нисбати ҳаққи ҳамсоягӣ ҳурмату эҳтиромибаланд доштанд. Ё дар урфият мегуфтанд, ки “Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар” аст. Ин гуфтаҳо на танҳо дар ҳамсоягии атроф балки дар ҳамсоягии байни давлатҳо низ амал мекунад. Мо халқи тоҷик азазал миллати дурандешу меҳмоннавоз буда, нисбати ҳаққу ҳамсоягӣ эҳтироми хоса дорем. Чунки “хона нахар-ҳамсоя хар” ин мақоли доимии мо тоҷикон аст.
Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсарҳади худ алоқаи хешу таборӣ дорад. Дар қаламрави Тоҷикистон оилаҳоеро вомехӯрем, ки аз миллатҳои тоҷику ӯзбек, тоҷику афғон, тоҷику қирғиз, тоҷику рус ва дигарҳо оила барпо кардаанд. Ин оилаҳо хушбахтона ва иттифоқона умр ба сар мебаранд. Ин ҳама хушдилӣ аз муносибатҳои дӯстонаву меҳрубононаи давлатҳои ҳамсоя сарчашма мегирад.