Изҳороти кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ
Дар кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ дар ҷаласаи худ, ки санаи 20 июни соли 2019 барпо гардид, масъалаи ташрифи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод. Дар оғоз қайд карда шуд, ки Тоҷикистон тавонист, ки дар муддати наонқадар тӯлонӣ аз ҳама ҷиҳат давлати худро ҳамчун як давлати мустақил ки роҳу пайроҳаи ташаккули худро дар ҳама соҳа ба нишондоди густаришҳо соҳаи саноатикунонӣ ва кишоварзӣ дар байни мамлакатҳои зиёд худро ҳамчун давлати озоду иқтисод иҷтимоӣ бо инфрасохторҳои замонавӣ, ки моро ба сӯйи ояндаи дурахшон қадам ниҳода истодааст. Давлати Чин ин дастоварду пешравии давлатамонро омӯхта хост, ки ба ин давлати ҷавону пешрафта аз наздик шинос шуда, мехоҳад ки ҳамкориро ба Тоҷикистон вусъат диҳад.
Нимаи дуюми 14 июни соли 2019 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарони давлатҳои аъзоҳои дастаҷамони ШОС-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро, ки бо сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон ташриф овард, гарму самимӣ истиқбол гирифта шуд. Зимни мулоқоте, ки байни сарони давлатҳо сурат гирифт, мехмонони ташрифовардаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуш пазируфта изҳори қаноатмандӣ карданд.
Изҳори боварӣ дорем, ки натиҷаҳои ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои таҳкиму тавсеаи меҳмони олиқадрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд.
Сафари сарвари Чин ба чорабине, ки дар пойтахт шаҳри Душанбе вохӯрии сарони давлатҳои аъзои ШОС барпо гашта истодааст рост омад. Ин воқеаи фараҳбахш обрӯву эътирофи давлати Тоҷикистонро дар манотиқҳои Осиёву як қисми давлатҳои дигар низ иштирок доштанд.
Сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон ин роҳи дуруст буда, ҳоло давлатҳо кам нестанд, ки шакли давлатдории Тоҷикистонро интихоб карда, арзиши давлати худро бонуфуз гардонанд.
Ташаббуси «Як камарбанд-як роҳ» ва татбиқи босамари «Барномаи ҳамкории байни Тоҷикистону Чин» омили муҳими дастёбӣ ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маънидод гардид.
Ҷонибҳо ба хотири идомаи равобити пурсамари шарикии стратегӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, маблағгузории лоиҳаҳои Тоҷикистон, бунёди паркҳо ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, рушди соҳаҳои гидроэнергетика бо истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки интиқоли маводи нашъадор ва киберҷиноятҳо, зарур шумурда шуд. Сипас, дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 13 санад 18 ҳуҷҷати нав ба имзо расид, ки ин кори нек аст.
Изҳороти кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ дар бораи таъмиқи бештари муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегиро сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин имзо карданд. Протоколи талаботи фитосанитарӣ барои содироти лимӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории илмӣ.
Ба имзо расидани ҳамкориҳо дар давлати мардумии Чин гувоҳе аз он медиҳад, ки самти ҳаракати ҳар ду давлат ҳам аз гуфтаҳои боло сарчашма гирифта, гуфтаҳои пешинро тасдиқ мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои барҷаста дар таҳким бахшидани муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни халқҳои тоҷику чин, рушди ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башардӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мукофоти давлатии Тоҷикистон «Ордени Зарринтоҷ дараҷаи 1» — ро дар вазъияти тантанавӣ тақдим карданд. -16 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими гусели меҳмонон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин баргузор гардид. Ба хотири гусели меҳмониолимакоммақом сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин доир гашт. ва баҳри таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии наку, изҳори сипос карданд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироӣ ва меҳмоннавозии хоси тоҷикона изҳори сипос карда, ба баргузории ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дод.
Муҳокимаи ин рӯйдоди умедбахш фахри мардум ва эътироф кардани пешниҳоди Тоҷикистон дар ин фазои чоруми инкишоф, тараққиёт ба мо аз дастовардҳои ҳукумати давлати Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.