Изҳороти мудири кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он Ахмедова Замира
Чӣ хеле ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дарси сулҳ дар Донишгоҳи Данғара қайд намуданд: "Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз масҷидҳои ҳамонвақта, аз ҷониби баъзе муллоҳо ва бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тибқи қонун ҳизби террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он манъ гардидааст, оғоз шуда буд".
Ӯ қайд намуд, ки халқи тоҷик то ҳол оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро, хусусан дар вилояти Хатлон ҳис мекунанд. Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ намуда. Дар дарсҳои тарбиявӣ донишҷуёнро аз таъсири хатарноки ҳар гунна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дошта, онҳоро дар руҳияи ҳувияти миллӣ, хештаншиносию худогоҳии миллӣ таълиму тарбия намоем.
Чи хеле, ки ба мо маълум аст, прократураи генералии Тоҷикистон санаи 17 сентябри соли 2015 дастгир шудани 13 аъзои Ҳизби наҳзати исломро, аз ҷумла аъзои қисми идоракунии ҳизбро бо гумони даст доштан дар амалиёти собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода тасдиқ намуд. Мувофиқи ахбори Прокуротураи генералӣ, Назарзода бо фармон ва роҳбарии бевоситаи роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ 20 гурӯҳи ҷангии хурдро ҷамъ намуда мусаллаҳ гардонид. Онҳо нақша доштанд бо ёрии онҳо вазъи Тоҷикистонро ноором созанд. Ҳамин тавр, суди олии Тоҷикистон ҲНИ-ро ташкилоти экстремистиву террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро қатъ гардонид. Ташкил кардани чунин созмонҳои қонунӣ, вале ғайридавлатӣ яке аз роҳҳои ба даст овардани маблағҳои пулӣ ва сарфи минбаъдаи он дар фаъолияти террористӣ мебошад. Маблағҳои ба ин созмонҳо воридшаванда маъмулан ба унвони бахшиш ва кўмак аз хориҷи кишварҳо роҳнамоӣ шуда, дар баъзе мавридҳо шахсони алоҳида ҳатто намедонанд, ки нохоста чӣ кумаке ба гурӯҳҳои террористӣ расонидаанд? Аз ҷумла, ташкил ва фаъолияти чандинсолаи Ҳизби манъшудаи наҳзати исломӣ аз ин қабил созмонҳо мебошад, ки аз кумаку бахшишҳои зиёде мунтазам бархурдор буд. Аз ҳисоби грантҳои ба даст омада Кабирӣ рӯи оламро сайр намуда, бизнеси худро пеш бурд ва паноҳгоҳи мустаҳқам бунёд намуд. Ба касе пӯшида нест, ки ҳамаи ҳизбҳои террористӣ байни ҳам робитаи қавӣ доранд. Бинобар якнавохт будани самти фаъолияти аҳзоби дар боло зикр гардида, ҳангоми анҷом додани амалҳои террористӣ дар ин ё он минтақа иҷаҳон, то он даме, ки ягон ҳизби террористӣ масъулиятионро ба зима нагирад, касе пешгӯӣ карда наметавонад, ки ин амал бо дасти кӣ анҷом ёфтааст. Чунин ҳодисаҳо гӯёи онанд, ки аксарияти ҳизбҳои террористӣ байни худ дар робитаи наздик амал мекунанд.
ҲНИ низ бо тарҳрезӣ кардани нақшаҳои ғаразноки худ кӯшиши табаддулоти дохилӣ намуда, дар натиҷаи он нафарони зиёде ба ҳалокат расиданд. Бо мамнӯъ эълон намудани фаъолияти ин ҳизб дар кишвар, соли дуввум аст, ки Муҳиддин Кабирӣ - роҳбари ин ҳизби террористӣ оромиши худро аз даст дода, ҳанӯз ҳам кӯшиши барқарор намудани мавқеи аз даст рафтааш мебошад. Ба хотири роҳандозӣ намудани аҳдофи нопоки худ, Кабирӣ дар ҷустуҷӯи минбарест, ки аз он ҷо мисли мусичаи бегуноҳ баромад кунад ва барои худ паноҳгоҳ ва пуштибон пайдо намояд. Вале худи ӯ хуб медонад, ки ҳизби мамнӯи наҳзати исломии ӯ пурра суқут карда, дар таърихи сиёсати тоҷикон ҳамчун як ҳизби экстремистӣ-террористии ноком сабти ном шудааст.
Мо шукрона менамоем, сарвари оқилу доно ва чунин давлати ободу соҳибистиқлол дорем ва тинљу оромиро, ки дар тулии якчанд сол бо хуну хунрезӣ ба даст овардаем, эҳтиёт намоем. Ба дасти чунин нохалафҳое, ки сулҳу оромии Тољикистонро намехоҳанд, кишвари маҳбуби худро нагузорем.