Сиёсати дарҳои боз!
Дар марҳилаи навъи рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими рӯз тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ дошатани ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст, ки ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азазмон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли 51 созмонҳои байналмилалӣ минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ молиявӣ мебошад. Барои рушди кишвар, аз ҷумла, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона гардида буд. Дар ин муддат сиёсати “Дарҳои боз” ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ бо олами имрӯз аз ҷониби роҳбарияти кишвар муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта боиси рушди ҳамкориҳои судманд бо дигар кишварҳои олам роҳандозӣ гашт. Бо шарофати ин сиёсат, Тоҷикистон мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти сайёра мустаҳкам сохта, ба доираи ҳамкориҳои худ давлатҳои бисёреро ворид намуд ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибаҳо ва манфиатҳои худро таъмин кард.
Самандар Рӯзиев, устоди кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатнишосӣ