​Саидюнуси Истаравшанӣ ва иғвоҳои дасисанок

Саидюнуси Истаравшанӣ – шахсест, ки ҷонибдори ашадии мухолифин дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолибе аз Муҳиддин Кабирӣ пахш мекунад, дар ин роҳ раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистонро шахсияти муаззами ахлоқӣ ба тасвир меорад, симои ўро ба унвони як муаллими ахлоқ ва бонии рафтори фарҳангии кишвар муаррифӣ мекунад ва аз номи ў ба интиқоди “рафтори ғайриахлоқии мақомот дар вуруд ба ҳарими хусусии шаҳрвандон ва сабти равобити заношўии онҳо ва ба намоиш гузоштани он дар телевизиюнҳои давлатӣ” мепардозад ва ошкор карданист, ки гӯё дар дасти онҳо бисёр чизҳо бошад ва мухолифи фарҳанги мо бошад.

Симои Муҳиддин Кабирӣ дар анбўҳи баёнияҳояш як нафари таҳдидгаре дар амри тахрибкории сиёсии кишвари мо беш нест. Ў ҳоло ки дигар қудрати рўҳӣ ва равонии бозӣ кардан ба сиёсат ва иҷтимоиёти кишварро чандон дар ихтиёр надорад, ба хотири ба ангеза овардани ҳисси нафрат ва бадбинии мардум танҳо қодир аст, ки бо далелҳо ва суханбозии ба хостаҳои сиёсиаш муносиб диққати ҷомеаи башариро ба сўи худ кашад, худро ҳамчун фарҳангдифоъ ва ҳимоягари арзишҳои фарҳанги миллии тоҷик ба чашми ҷаҳониён шинонад.

Оё метавон ба натиҷае расид, ки бо ин амр Кабирӣ комилан ҳудуди фарҳанги мо ва худашро шинохтааст?

Ҳар кишвар ҳуқуқ дорад дар устувории амниятии хеш принсипҳои назарияи сиёсии ҳар кадом сиёсатмадореро ҳамчун Макиавелли истифода кунанд.Ватани мо ояндаи дурахшон дорад ва то ба истиқлолиятро ба даст овардан халқи заҳматкаши кишвар ҷонбозиҳо кардааст. Мо зодаи Тоҷикистони азиз ҳастем барои ободу зебо ва тинҷу осудагии кишвари худ ҷонибдорем. Миллати хешро аз хиёнатэмин нигоҳ медорем.

Изҳороти сармуаллимаи кафедраи

физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт Каримова Ф.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ