Роғун калиди фатҳи қуллаҳост
Мардуми шарафманду саодатманди диёрамон пас аз чанде шоҳиди як рӯйдоди таърихии дигаре мегарданд, ки гузаштагонамон онро ба ормонҳои қалб бурдаанд. Сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати тоҷик имрӯз сарфароз аз бунёдкориҳову ободгароиҳо гардидааст.
Албатта, мо шукрона бояд кунем, ки миллати мо бо ба истифода додани чархаи дуюми агрегати Нерӯгоҳи обии барқии Роғун мунаввартару муҷаллотар хоҳад гардид. Мо, миллати сарбаланду сарфарозем ва ифтихор аз сарвари оқилу бохираду миллати хеш дорем. Зеро танҳо басухан осон аст, ки нерӯгоҳ сохтаанд. Аммо синаи кӯҳро даронида, сохтмон бино кардан кори саҳл нест.
Мо медонем, ки дар ҷаҳони муосир раванди омехташавии тамаддунҳо фаро расидаву бадкирдоре зидди давлатҳои демократӣ мебарояд. Озодиро дар зери ҳиҷобу сатри фарҳанги бегона пиндошта, садди пешравиҳои аксарият давлатҳои рӯи олам гашта истодаанд. Бояд гуфт, ки ин нохалафон ҳатто дар яке аз рӯзҳои муҳими миллати тоҷик, яъне рӯзи ба истифода додани чархаи аввали нерӯгоҳ, ки ормонҳои дили миллионҳо нафар ватандоронро баровард, дар яке аз зиндонҳои шаҳри Хуҷанд ошӯбе барагехтанд, ки ҳадафи онҳо ба ин воқеа машкук гашта, он рӯзи муқаддас бар фано равад.
Хушбахтона миллати тоҷик аз азал соҳибхираду фарҳангсолор буд ва он дасиссаҳои нобакорон ягон монеа ҳам набуд, ки боиси қатъ гардидани ифтитоҳи нерӯгоҳ гардад.