Изҳороти устодони факултети телекоммуникатсия ва ТИ
ҲНИ аз ҳизбҳои хиёнаткорест, ки ба раѓми рафторҳои хиёнаткоронаи бунёдгузоронаш ва амалҳои ғайриинсониву мазҳабфурӯшӣ,қатлу куштори мардум сиёҳ буда, ба варақзании саҳфаҳои фаъолияти он дигар ниёзе нест.
Чунки дар мавриди мазкур навиштаанду ҳамарӯза менависанд ва мо – шаҳрвандон низ шоҳиди бевоситаи кирдорҳои хабисонаи наҳзатиён будем ва натиҷаи майдонбозиву гирдиҳамоӣ ва исломгароиву маҳалпарастиашон қариб буд, Тоҷикистони азизро аз харитаи ҷаҳон пок сохта, миллатро ба гумномӣ кашад. Хушбахтона Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона, ҳисси меҳандӯстиву асолати тоҷикона тавонистанд, қомати миллати ба зону кашидаи «худиҳои бегонапарасти фурӯхташуда»-ро рост намоянд, пояҳои давлату Ҳукумати миллиро бунёд гузоранд ва тоҷикон, дар умум, тамоми қавму миллатҳои сокини Тоҷикистонро муттаҳид намуда, ба онҳо сулҳу субот, тинҷиву осоиштагӣ ва пуриву сериро ба армуғон оранд. Чуғзтинатони наҳзатӣ, ки мақсаду маромашон ба нобудӣ кашидани миллати тоҷик буда, барномарезӣ низ аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон аст, ҳамаи ин дастовардҳову пешрафтҳои даврони истиқлолият дар комашон заҳру зақум гардида, онҳоро ноорому безобита мекунад. Аз ин рӯ, онҳо роҳу усулҳои нав ба навро дар расидан ба аҳдофи нопокашон имтиҳон доранд.
Аз кулли шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меовардам, ки нисбати фаъолияти иғвокоронаи наҳзатиён бетафовут набуда, насли наврасро аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ эмин нигоҳ доранд. Зиракӣ ва ҳушёри сиёсии худро аз даст надиҳанд.