Изҳороти устодони факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус
Ҳарчанд ки гузашти солҳо моро аз он рӯзи таърихӣ — қабул гардидани санади тақдирсози миллатамон - имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дур мебарад, вале аҳамияти ҳаётӣ ва қадру қимати он торафт меафзояд. Дар шуури мардуми кишварамон зарурати ҳифзи оромӣ ва суботи ҷомеа, ки асос ва сарчашмаи пешрафту инкишофи ҳар давлату миллат мебошад, сол ба сол амиқтар ҷой мегирад. Имрӯз ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа возеҳ дарк кардааст, ки агар дар мамлакат сулҳу субот ҳукмфармо бошад, ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тадриҷан ҳалли худро меёбанд ва танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиротаҳким бахшида бошем.
Хусусан дар шароити ҳассоси имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки торафт мураккаб шуда, авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон печида гардида, раванду тамоюлҳои гуногун ҳифзи сулҳу суботи ҷомеаро халалдор месозад, моро зарур аст, ки бо истифода аз зиракии сиёсиву ақлу хиради азалӣ марзу буми худро ҳифз ва хоби ороми фарзандону хотири ҷамъи модаронро пос дорем.
Воқеае, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, боиси сару садоҳои гуногун гардида, барои баъзе ҳангомаҷўён«дастак» гардид.Амалҳои иғвогаронае, ки бо дастгирии марзбонони Қирғизистон сурат гирифтааст, боиси нигаронии сокинони маҳаллаи Сомониён гардида, ба гуфти сокинони ин маҳал, намояндагони қӯшунҳои сарҳадӣ ва афсарони корҳои дохилии ҷумҳурии ҳамсоя ин амалҳои иғвогариро ташкилу роҳнамоӣ мекунанд ва дар баъзе ҳолатҳо, худи онҳо дар ин амалҳо ширкат маварзанд. Амалҳои таҳқиромез аз ҷониби ҳамсоягони мо, ки дар рӯзҳои охир бештар ба мушоҳида мерасанд, бо дастгирии сарҳадбонон вазъиятро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мураккабу бесубот мегардонанд ва боиси интиқоми сокинони маҳаллӣ шуда метавонанд.Одатан дар сафиқувваҳои мусаллаҳ мардоне ихтиёри хизмат мекунанд, кидар ҳақиқатмарданду соҳибу ору номус ва виҷдон мебошанд. Давлату ҳукуматба онҳолибоси низомӣ ва ҳифзи сарҳадро боваркарда, онҳоро аз ҳисоби буҷаи давлат нигоҳубин мекунад, ба он хотир,ки онҳо марзу бумро мардонавор(на кўдаквор) ҳифз намояндупос доштану эҳтироми давлат, таърих, маданият, фарҳангиҳамсоярориоя намоянд. Лату кўб кардани роҳгузар, вайрон карданизамини кишт, шикастани воситаҳои техникӣ, бастани роҳ, партофтани санг ва дигар амалҳои ношоиста, магар бозии кўдакона нест? Оё шумоён дарк намесозед, ки тоҷикон мақоли хеле хубе доранд: «ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар» ва ба хотири ҳамин мақол бо шумоён риояи одоби ҳамсоягӣ доранд, вагарна…
Бинобар ин, аз шумоён ҷанобони либоси низомипўши қирѓизистонӣ хоҳиш ва талаб дорем, ки рисолати асосии худро иҷро намоеду аз паи оромиву сулҳу суботи кишвари хеш шавед ва барои пешрафту рушду тараққии ҳамсояатон ҳасад набаред. Мард бошед, зеро фардо фарзандонатон гуноҳи шуморо намебахшанд….
Қодирова М.А. – муаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ