​Решаи душманӣ барканем

Зиндагӣ, ҳаёт ва умр баҳри мавҷуди башар аҷаб тазод ва муқобилиятҳое меофарад.Ҳар як инсон дар шоҳроҳи пурпечутоби умр ба гунаи хоси хеш роҳе интихоб намудаву аз ҷару ҷӯр, пастиву баландӣ,суфтаву ноҳамвориҳо гом мемонад, то ки мақсуди зиндагияшро дарёбад. Аслан дӯст надорам дар ин мавзӯъ чизе нависам. Ба ростӣ, фикр мекунам мавъзуҳое мисли маҳалгароӣ шабеҳи наҷосат аст. Вақте дониста ё надониста рӯи он пой гузорӣ ҳам бӯи гандаш ба атроф пахш мешавад ва ҳам кафшҳоят олуда мегардад.Бояд таъкид кунам, модаҳҳову садҳо дӯсту бародар аз минтақаи Қирғизистону Қазоқистон, Ӯзбекистону Туркманистондоштемудорем. Самимият, якрӯӣ, ҷавонмардӣ, содагӣ, озодагӣ, меҳрубонӣ, садоқат ва даҳҳо хислатҳои неки ин мардумонро амалан дидаву ифтихор кардаам, ки чунин шабеҳи ҳаммиллату ҳамватанҳо дорам! Ва ҳамин чанд рӯзи ахир ҳам, ки дарки нотинҷӣ, оинашиканиву заминталошӣ ба вазъи руҳияи ҳар яки мо сахт асаргузор аст. Лек афсӯс, ки бархе аз мардумони ҳамсояро носозгориҳои зиндагӣ ба кӯйи гумроҳӣ афканда умру ҳаётро ба маргу мамот бадал месозад. Инсонҳои кӯтаҳандеш ва аз хушиҳои зиндагӣ сармасту ба қадри он норасида ва мағрургардида аз қабили одамизодагони фандхӯрда маҳсуб меёбанд.Эшонро лозим аст,то бар садои қалби бузургону пироне, ки дар зери хок хуфтаанд, лек дар ҳини ҳаёт садои дили хешро ба ашъору осор ифода кардааанд,гӯш диҳанд...Он пирон ором намехобанд. Чаро ба ҷони каси бегуноҳ қасд мекунӣ? Аз ин як порчаи замине, ки ҳалол ба мардуми тоҷдор мутааллиқ аст, магар сарватманд мегардӣ? Магар Искандари Мақдунӣ набуд, ки даст аз тобут бароварда ки ба абадият бо дасти холӣ меравад? Магар бародару хоҳари ҷоноҷонат, фарзандони кӯчаки диёрат, миллати ту,пайванди ту ,ҷону ҷигари ту нестанд?! Баҳри зиндагии хушу осудаат чӣ намерасад? Боре андеша бикун,бо чашмони равшанат бубин,ки ҳаёт ҳар лаҳза дар пешравист.Имрӯзат назар ба дирӯзат беҳ мегардад, пас чаро ту ношукрӣ мекунӣ,ношукрӣ ба ватану миллати хеш, дину мазҳаби хеш. Фаромӯш накун, ки “ношукрро нон мезанад” гуфтаанд.

Собиова Г.- магистранти факултети таҳсилоти ғоибона

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ