​Ҳамсафонаш ҳам шубҳаноканд

Вокуниши ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода сархатиби вилояти Суғд бо номи Бӯқаламунро, ки дар бораи тамаллуқ ва риёкории роҳбари наҳзатиён Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамчунин сарвари ба ном “Паймони милии Тоҷикистон” аз зимни номаи худ ба АМИТ “Ховар” 6- уми январи соли 2019 изҳори назар карданд, сад дар сад розӣ ҳастем. Дар арафаи соли нави мелодӣ табрикоти соли навии роҳбари ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ боз яке аз риёкорӣ ва боз як бори дигар пардаи дурӯягиро аз рӯи худ кушод.

Муҳиддин Кабирӣ пастсифаттарин инсон бо мақсадҳои ғаразноки худ бо таблиғоти ташкилоти экстримистиаш ба сарзамини тоҷикон соли 1992 фоҷеаи нангинро овард. Муҳиддин Кабирӣ дурӯғпардози дараҷаи олӣ буда, яке аз ташкилкунандаи гирдиҳамоии солҳои 90-91-ум мебошад.

Тамоми таблиғоти Кабирӣ дар пояи дурӯғ истодааст ва хато намекунем, гӯем, ки ҳамсафони ӯ аз шахсони шубҳаноканд ва хатар ба ҷамъиятанд.

Муҳиддин Кабирӣ хизматгори киссагии хоҷагони хориҷӣ буда, мақсадҳои ғарази худро бо ҳар баҳона рӯи кор меорад. Қайд кардан бамаврид аст, ки халқи тоҷик фоҷеаи солҳои 1992-ро ҳеҷ вақт фаромӯш намекунад.Ин табрикот боз як саҳнаи Кабирӣ мебошад, ки таркиби он пур аз ғараз аст.

Аллакай тӯли 27 сол аст, ки ин инсони дурӯя хизмати хоҷагони эрониро ба ҷо меорад. Чӣ гуна ин табрикотроқабул кард, ки ақли солим қабул карда наметавонад.

Сагеро хуни дил додам, ки бо ман ёр мегардад,

Надонистам, ки саг хун мехурад, хунхор мегардад.

Шоир бисёр хуб гуфтааст рафторҳое, ки Кабирӣ барои худаш раво дидааст, саҳнаеро мемонад, ки мисли раҳгузари саги кӯчагӣ.

Ш. Ҳошимова

дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ