​Изҳорот оид ба муносибатҳои тоҷику қирғиз.

Ҳамсоягии тоҷикону қирғизон ин амри таърих аст ва он заминаҳои воқеии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад. Муносибатҳои ҳамсоягӣ дӯстиву бародарии тоҷикону қирғизон таърихи зиёда аз 4-асра дорад. Ин муносибат дар солҳои пеш ва баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муносибати дӯстонаву меҳнати қаҳрамононаи коргарони тоҷику қирғиз дар конҳои ангишти Шӯроб, Сулукта ва солҳои 90 қарни ХХ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз санҷиши таърих гузаштааст. Воқеан, аз қадимулайём, дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар оғози соҳибистиқлолӣ то имрўз тоҷикону қирғизҳо дӯстонаву бародарона зиндагӣ доштанд. Вале мутаассифона, солҳои охир дар Исфара, бахусус дар ҷамоати деҳоти Ворухи вилояти Суғд ва дар маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаҳои марзӣ рух дода, боиси ҷангу ҷидол ва ба ҳам дарафтодани сокинон мегардад. Ҳарчанд айни замон вазъ дар ин мавзеъ то андозае оромтар аст ва намояндагони мақомоти дахлдори ду давлат дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд, ҳамоно мардуми ин ҷамоату деҳа умеди ҳарчи зудтар ҳал шудани масъалаҳои баҳснокро доранд. Зеро чунин амалҳои иғвогарона ва халалдоркунандаи зиндагонии ороми мардуми ин мавзеъ бори аввал набуда, давоми чанд соли охир ба вуқӯъ пайваста истодааст. Тааҷҷубовараш он аст, ки қирғизҳо худ иғвоангезиву тирпаррониро оғоз намуда, тариқи воситаҳои ахбори дохили кишварашон ҷониби Тоҷикистонро айбдор мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар ҳамаи наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ паҳншуда ҳақиқати ҳол барои ҷомеаи ҷаҳонӣ равшан аст. Мисоли он ба шаҳодат расидани се сарбози тоҷик аст. Вале ҳанӯз дақиқ нест, ки аз ҷониби қирғизҳо чанд нафар ҳалок ё ярадор гардидаанд.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки имрӯзҳо мардуми сарбаланди Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар қатори сокинони дигари манотиқи мамлакат бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то дар самти иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат вобаста ба ободонии макону ҷойҳои зисти худ созандагию бунёдкориро ба анҷом расонанд. Мо танҳо тавассути дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба расму оини неки ҳамсоядорӣ метавонем осуда ва аҳлона зиндагӣ намоем.

Алҳол вазъият дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ - Қалъача мӯътадил буда, нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ, ташкилоту муассисаҳо фаъолияти рӯзмарра доранд. Сокинони маҳаллӣ ҷонибдори ҳалли мусолиҳаомези муноқишаи ба миён омада ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстиву ҳамсоягӣ байни ду халқи ба ҳам ҳаммарз мебошанд.

Ҳоло Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Пешвои миллат дар сохтмони давлати ҳуқуқбунёду димократӣ, такя ба ақлу хирад ва таҳаммулпазирӣ азалии ниёгони худ мувафақиятҳои беназир ба даст оварда истодааст. Бо баробари ин, бо назардошти таъриху фарҳанги мардумони Осиёи Маркази, аз он ҷумла тоҷику қирғиз дар як ҳавзаи маданӣ ташаккул ёфта, ба воя расидааст ва барои аҳли зиё ва мардумони соҳибмаърифати ин минтақа чун заминаи мустаҳками дӯстиву рафоқат ва равзанаи маърифат хизмат бояд кунад. Ҳамсоягии тоҷикону қирғизон ин амри таърих аст ва он заминаҳои воқеии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад.

Бо баробари ин, бо назардошти таъриху фарҳанги мардумони Осиёи Маркази, аз он ҷумла тоҷику қирғиз дар як ҳавзаи маданӣ ташаккул ёфта, ба воя расидааст ва барои аҳли зиё ва мардумони соҳибмаърифати ин минтақа чун заминаи мустаҳками дӯстиву рафоқат ва равзанаи маърифат хизмат бояд кунад.
Мо боварии комил дорем, ки барои аз байн рафтани масоили муноқишаҳои марзӣ амиқан ақли солим ғалаба менамояд ва дар заминаи таҳамулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ, гузашткунӣ бо назардошти дурнамои рушду нумуи халқи тоҷику қирғиз ҳалли адолатноки худро меёбад.

Раҳматов Муҳамадӣ, Нарзиллоева Санавбар - лаборантони факултети физикаю техника

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ