Наҳзатиҳои ғофилшуда
Гову хар аз огаҳӣ одам нахоҳад гашту лек,
Одамӣ гар андаке, ғофил шавад хар мешавад.
Агар аз дур нигоҳ кунем ба сӯи ғофилшудагони наҳзатиҳо шармандагист. Зеро то ба дараҷае ғофил шудаанд, ки ҳақиқатро зери по карда ба миллату давлати худ хиёнат ва худро шармандавор аз хоки муқаддаси Ватан дӯр кардаанд.
Инсони комил наметавонад ба ватане, ки ӯро бо ноз парваридаву ба оғӯши худ кашида парваридааст хиёнат кунад. Албатта, ки не вале бо каме маблағҳои ночиз душманон ва бадхоҳони Тоҷикистони азиз тавонистанд баъзе аз шахсиятҳои пастеро ба монанди Кабирӣ барин шахсиятҳо ба дом афтонда ба манфиатҳои худ истифода баранд.
Кабирии ғофилшуда бо ҳамфикронаш берун аз Тоҷикистон мисли саг овоз баланд карда, даъвои ҳақиқат ва адолат дар Тоҷикистонро мекунад. Барои ӯ боз кадом ҳақиқату адолат лозим бошад. Мо охир дар банду зиндонем магар. Шахсиятҳои одил ва инсонҳои комиле, ки ватани худро дӯст медоранд, дар дохили ватанашон зиндагӣ мекунанд. Аммо аз чӣ бошад, ки Кабирӣ дар хориҷ истода даъвои дӯстдории ватанро мекунад.
Аз рафтору гуфтор ва суханони Кабирӣ бармеояд, ки ӯ ва ҳамфикронаш тарки номусу ор ва виҷдони ҷавонмардӣ кардаанд. Зеро мо ҳама тоҷикистониён аз ҳадафҳои нопоки ӯ ва ҳамфикронаш огаҳ ҳастем. Кабирӣ мақому мансаб мехоҳад. Магар шахсе, ки ору номус надорад ва чӣ будани виҷдонро намедонад, магар лоиқи эҳтирому мансаб аст.
Имрӯз миллати тоҷик зери осмони софу беғубор дар ватани ободу осоишта зиндагӣ карда, шукронаи тинҷиву амонии Тоҷикистонро мекунад. Ва мардуми бедордили ин миллат бо умеду орзӯҳои нек ба ояндаи дурахшон қадам мезананд.
Ҷомеаи кафедраи географияи табиӣ.