​Кабирӣ - ихтилофангези бадтинат

Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби зишт ва пурдаҳшату хатарафзо буда, барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлатӣ ва рушди устувори давлат таҳдиди бевосита менамояд.

Чанде қабл Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар Литва ба ҳам ҷамъ омада, боз фазои оромӣ иттилоотии кишварро ба ҳам заданд. Ҳамзамон дар ин ҳамоиш, Хайрулло Мирсаидов, ки ба қариби тарки Ватан карда буд, ба ин созмони ин хоинон пайваст. Бале созмоне, ки Кабирӣ ташкилаш намудааст ва онро Паймони Миллии Тоҷикистон унвон кардааст, аз рӯи адолатиу ҳақиқат онро метавон “Сомони Хоинон ва Ихтилофангезони миллат” номид. Зеро ҳамаи аъзоёни он, аз Раисаш то лагандбардоронаш, дар хориҷ аз кишвар қарор доранд ва мехоҳанд ба ҳар васила бадбинии хешро нисбат ба халқу миллати тоҷик баён намоянд.

Ҳатто ин гурӯҳи хиёнаткор, рӯҳи гузаштагонро низ пос намедоранд. Дар ҷамъомади охиринашон онҳо, пешниҳод намудаанд, ки Ҷоизаи ҳуқуқшиноси даргузашта Файзиниссо Воҳидова таъсис дода шавад. Ҳол он ки барои журналистон ва рӯзноманигорон дар кишвари азизамон имрӯз ҷоизаҳое зиёде таъсис дода шудаанд. Бар замми ин ҳар сол дар ин самт озмунҳои зиёде гузаронида мешаванд. Шояд ин ҷоизаро барои худашон таъсис диҳанд ва онро беҳтарин хоин ва ё ихтилофангезе, аз ҷумлаи Муҳиддину Илҳом ва ё Хайруллову Мирзои Салимпур соҳиб гардад.

Ногуфта намонад, баъд аз марги ин зани рӯзноманигор атрофи маргу бемории ӯ, низ аз тарафи ин ихтилофангезон суханҳои иғвоангези бисёре гуфта шуда буданд. Пас аз даргузашти Ф.Воҳидова шавҳараш ба наҳзатиён ва хоинони миллат муроҷиат намуда, зикр карда буд, ки аз марги ҳамсараш ҳангома насозанд ва руҳашро ором гузоранд. Аз ин рӯ ин пешниҳоди Кабирӣ ба андешаи мо хеле ноҷо ва аблаҳона мебошад.

Моро зарур аст, ки ба ангезаву дасисаҳои ин аблаҳон дода нашавем ва баҳри ободиву озодии Ватани азизамон бар зидди ин гурӯҳи нохалаф муборизаи беамони иттилоотӣ барем.

Изҳороти омӯзгорони кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ