Фитнаи навбатии хоинон
Шарофиддин Гадоев тўли чанд сол дар кишварҳои аврупоӣ ба дасисабофиву буҳтонофарӣ дар ҳаққи Ҳукумати кишвар ва сиёсатмадорони ҷумҳурӣ машғул буд ва асосан ин рафтори худро бо дастури хоҷагон ва аз ҷумла, Кабирӣ ба анҷом мерасонид, ки далели ин гуфтаҳо метавонад паймони зидди миллие, ки онҳо таъсис доданд, бошад. Қонуни зиндагист, ки баъзеҳо бо сабаби камтаҷрибагиву ҷавонӣ фирефтаи суханони хоинон гардида, ба ҷониби давлату миллати худ сангандозӣ менамоянд ва дастовардҳои онро нодида мегиранд ва ҳатто гоҳе шудааст, ки ҳастии миллатро инкор намуда, баъдан ба хатои худ пайбурдаанд ва изҳори надомату пушаймонӣ намудаанд. Аз ҷумла, Абдурауфи Фитрат ва Нарзуллои Бектош, ки аввал бар зидди миллати худ мубориза бурда, ҳастии онро инкор карданд ва баъдан дарк карданд, ки ин роҳи рафтаашон ғалат аст. Бо нашри пузишнома аз миллати худ узрхоҳӣ карданд ва барои хидмат ба миллати худ камари ҳиммат бастанд.
Вақте ки Шарофиддин Гадоев ҳам ба хатои худ дарк кард ва донист, ки бозичаи дасти Кабириву ҳаммаслаконаш шудааст, ихтиёрӣ ба кишвар баргашт ва ин омадани ў дар шабакаҳои иҷтимоӣ оташи баҳсу мунозираро доман зад. Онҳо сабти видеоиро пахш намуданд, ки дар он Шарофиддин Гадоев гўё гуфтааст, ки «ман агар ғайб занам ва ё дар Душанбе пайдо шавам, мутмаин бошед, ки маро рабудаанд».
Боз фитнаи нав ва дурўғи зебо! Бо ду далел метавон инро фитна номид. Якум ин ки онҳо дигар наметавонанд аз Гадоев интиқод намоянд ва ўро сарзаниш созанд, чунки ў дигар дар ихтиёрашон нест ва дигар аз рўйи барномаи эшон амал намекунад. Рабуда шудани Шарофиддин агар воқеият дошта бошад, чаро ў ихтиёрӣ ба Маскав омад, дар ҳоле ки дар Ҳолланд қарор дошт?! Дувум, ба хубӣ маълум аст, ки он навор каркарда (монтаж) шудааст ва хоинони миллат онро аз рўйи хостаи худашон таҳриф кардаанд ва ҳатто нафаре, ки аз фанноварии замони муосир камтар иттилоъ дошта бошад, медонад, ки имрўз тавассути ин гуна дастгоҳ дилхоҳ кори ғаразнокро кардан мумкин аст. Саволи матраҳ ин аст, ки чаро он сабт то ин вақт неву маҳз баъди ба Тоҷикистон баргаштани Шарофиддин Гадоев паҳн карда шуд? Маълум мешавад, ки дурўғи маҳз аст ва ақли солим наметавонад ба ҳақиқат доштани он бовар кунад.
Кабирӣ ва ҳар он нафаре, ки имрўз барои вайронии кишвар бо дастури хоҷагони худ пайи амале ҳастанд, бояд донанд, ки доира торафт танг шуда истодааст ва ҳоло ҳам фурсат доранд, даст аз ин аъмоли ноҷавонмардонаи худ бардоранд. Ҳар қадар дер оянд, ашки надоматашон бештар хоҳад шуд ва пушаймониашон афзун.
Кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ