Мубориза барзидди терроризм ва экстремизм
Таъкиди Сарвари давлат оид ба он, ки агарчи «Шиддати хатару таҳдидҳои жаҳонц то ҳанӯз паст нагардидаанд, тажриба нишон медиҳад, ки бартараф намудани манбаъҳоимаблащгузории гурӯҳҳои терористиву экстремистц имкон медиҳад, ки таъсири онҳо то андоза аз байн бурда шуда, шомилшавии жавонон ба ин гурӯҳҳо пешгирӣ карда шавад», моро водор месозад, ки ба тарбияи насли солиму созанда, худшиносу худогоҳ аз тамоми имкониятҳо истифода намоем, - изҳор доштҲифз шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар арсаи байналмилали нуфузи давлатро баланд намуда эътибори онро зиёд мегардонад. Дар моддаи 5 - уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст, ки “Инсон ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши оли мебошанд. Ҳаёт, қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои олитарини инсон дахлнопазиранд”. Пас чаро инсон дар ҳаёт роҳгум мезанад ва ба сафи гурӯҳҳои номатлуби ҷомеа бо ном терроризм ва экстремизм шомил мегардад. Ҳаёти ширини худро роҳи худкуши ва паси панҷара мегардонад.
Дар Паёму дастурҳои худ роҳбари давлат борҳо бо ҷавонон оиди шомил нашудани онҳо ба ин гурӯҳҳои номатлуб таъкид менамоянд.
Имрӯз мамлакат бо баракати сулҳу ваҳдат ба марҳилаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда пайваста рушд мекунад.
Аъзоёни гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ даст ба одамкушиву дасисакорӣ зада истодаанд. Ин тоифаи нотавонбин мехоҳанд,ки давлатро ғасб намуда ,мардумро бори дигар ба гирдоби фоҷиа ва нобасомониҳо кашанд. Воқеаҳои имрӯза нишон медиҳанд, ки дигар мардум ба ин ҳизби исломӣ эътимод надоранд аз барои ҷомеаи тоҷик комилан нолозим аст. Онҳо бо ҳаракатҳои худ нишон доданд,ки ҳизби наҳзат ташкилоти террористиву экстремистӣ аст.
Ҷинояткорони наҳзатӣ аз гузашти умумии соли 1998 истифода карда чандин сол дар фазои сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон фаъолият намуданд. Муборизаи дастаҷамъонаи беамон бар зидди ин вабои аср бояд моро муттаҳид созад.
Терроризм ва экстремизм равандҳои номатлубанд,ки имрӯзҳо тамоми аҳли башарродар ташвиш гузоштаанд. Ҳамарӯза аз нооромиҳо,амалҳои ваҳшиёна огоҳӣ пайдо мекунем, ки аксаран маҳз ба ҳамин вабои аср алоқамандӣ доранд.
Ноогоҳӣ ва бехабарӣ аз фарҳанги миллӣ, паст будани сатҳи маърифат, надоштани дониши сиёсӣ омилҳое шуда истодаанд, ки ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил мегарданд. Онҳо бо фикру ақидаҳои хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонида вазъро ноором месозанд.
Бо мақсади аз ин роҳ баргардонидани ҷавонон амалӣ намудани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, мустаҳкам кардани назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани ҷавонон, бо воситаҳои техникии муосир таъмин намудани онҳо зарур буда, инчунин ҷомеаи шаҳрвандиро лозим аст, ки баҳри решакан кардани ин падидаи номатлуб дар якҷоягӣ ҳамкориҳои густурдаро роҳандозӣ намоем.
Имрӯз ҷавонони моро мебояд, ки ба доми фиреб наафтанд ва ба идеологияи чунин афрод дода нашуда, дар зиндагӣ баҳри шукуфоии ҳаёти хеш қадамҳои устувор ва барҷо гузоранд.
Шукри ободиву зебоӣ дар кишвар карда соҳиби дониш ва илми дунявӣ гарданд. Зеро ояндаи Тоҷикистон дар дасти онҳост ва вазифаи басо пурмасъулиятро дар ӯҳдаи хеш доранд.
Баргузории чунин намоишҳо дар муассисаҳои таълимӣ, идоравумуассисаҳо ва шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар дошта шудааст.