​Ба қадри оромӣ бояд расид

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 976 километр марзи муштарак доранд, ки наздик 50 дар сади он, ҳанўз аломатгузорӣ нашудааст. Пурра таъин нашудани марз, борҳо ба рух доди муноқишаҳои марзӣ боис мешавад. Бинобар ин муноқишаи байни сарҳадии ду давлат санаҳои 8-9-10-уми январи соли равон сар зад, ки боиси нооромии мардуми тоҷик гашт.

Тибқи навиштаи расонаҳои хабарии Қирғизистон, қарор аст, моҳи январ вохӯрии навбатии гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи муайян кардани хатти марз баргузор шавад. Умедвор ҳастем, ки ин масълаҳо ҳалли худро меёбанд. Дар ҳолате, ки истиқлолият дар ду давлат ҳукмфармо аст, бояд одамон фикри ободии фардои кишварро кунанд. Бигзор мардуми ду давлатии ҳамсоя бо ҳам рафту омад кунанд. На ҷангу хархаша намоянд.

Вале афсӯс, дар ҷамъият нафароне ёфт мешаванд, ки сулҳу суботи Тоҷикистонро чашми дидан надоранд. Ва бо ҳар роҳу воситаҳо оромии мардумро халалдор месозанд.

Он воқеаи нохуше, ки шаҳрвандони Қирғизистон бидуни сабабе ба мошини сабукравӣ шахсии шаҳрванди Тоҷикистонистиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Зафар Аъзамовро мавриди сангборон қарор дода шишаҳои онро шикастанд, аз рӯи одамгарӣ набуда,

бемаданиятии мардумро нишон медиҳад.

Воқеае,ки субҳи 10-уми январи соли 2020 дар марз,минтақаи назди сарҳадии маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз ҷониби сокинон ва низомиёни Қирғизистон сар зад боиси изтиробу нороҳатиимардуми мо гардид.

Чуноне, ки Саъдии Шерозӣ мефармояд:

Бани одам аъзои якдигаран,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд

Ба ҷуз дарде, ки оварад рӯзгор

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Бояд тазаккур дод, ки нисбати воқеаи ба амал омада мо низ бетараф нестем.ва хоҳони онем, ки дар Тоҷикистони мо сулҳ бошад, ободӣ бошад ва аз ҳар хонадон бӯи нони гарму хандаи кӯдак барояд.

Омӯзгори кафедраи «Системаҳои бисёршабаквии телекоммуникатсионӣ»Холматов Р.А.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ