Мирзои Салимпур таблиғгари манфиатҳои ғайримиллӣ
Суръат ёфтани равандҳои сиёсӣ, бархӯрди андешаҳо, гуногунфикрӣ, зиддияти иҷтимоӣ ва буҳрони ҷомеаҳои гуногун инсониятро дар руёрӯи чолишҳои мураккаб қарор додаанд. Таҳлили афкори иҷтимоии ҷамъияти имрўза аз ҷониби коршиносон дар робита бо ин мушкилот гоҳо объективона ва гоҳо субъективона дар вобастагӣ ба вусъати тафаккур ва сатҳи ҷаҳоншиносию ҷаҳонбиниашон рӯи кор меоянд. Возеҳу равшан мушоҳида мешавад, ки ҳадаф аз роҳандозӣ намудан ва таблиғи андешаҳои ботил пеш аз ҳама ноором намудан ва рахна сохтани девори сулҳу субот, барҳам задани орзую омоли мардум ва дар вазъияти ногувор дучор намудани як ҷомеаи озод мебошад.
Сомонаи “Ахбор”, ки дар торномаҳои интернетӣ тўли зиёда аз 1 сол фаъолият дорад, бо иғво ва матлабҳои бадномкунанда машҳур аст. Ин торнома ҳамеша аз дасиса ва таблиғи ташкилотҳои террористие, ки дар Тоҷикистон мамнуъ аст, мавод нашр мекунад. Ин сомона аз оғози фаъолияти хеш бо чунин найрангбозиҳову дасисаҳо ва роҳандозии маълумоти бардуруғ мехоҳад миллати моро ба вартаи нобудӣ барад. Дар аксар дасисаҳои ин сомона маводе ба мушоҳида мерасанд, ки муаллифони он аз нафароне маҳсуб меёбанд, ки пешрафти кишвари азизи моро нодида мегиранд. Пайдост, ки ин ходимони зархариди кишварҳои хориҷӣ бо маблағҳои ҳангуфт ва ҷалби нафароне чун Мирзои Салимпур мехоҳанд бо нашри матлабҳои гуногун кишвари моро зери таҳдид қарор диҳанд.
Сардабири сомонаи «Ахбор» бо изҳороти расмии худ, ки таҳти унвони «Ба номардиҳои мардон ман чӣ гӯям?» ба нашр расонидааст, иддао дорад, ки «Танҳо дар як гуруҳи фейсбукии “Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон”, ки ба минбари асосии “фермаи ҷавоб” табдил ёфтааст, дар тӯли фақат як моҳи охир беш аз 200 мақолаву аксҳои пур аз туҳмат ва дашномҳои фаҳш ба зидди “Ахбор” ва шахсан худи ман нашр шудаанд». Ин андешаи ў аслан якҷониба ба шумор меравад. Агар сомонаҳои ифротиҳои террористро, ки бо роҳбарии чунин нафарони хоин роҳандозӣ гардидааст, ҳар лаҳза як туҳмату буҳтон бар зидди мардуми тоҷик ва Ҳукумати мамлакат гузошта мешавад, ки шумораи он дар қиёс бо ин мақолаҳои арзишманд хеле зиёд аст. Дар байни мардуми тоҷик як мақол аст, ки бо зоғ бо забони ў бояд суҳбат кард. Ин аксҳо ва навиштаҳо тухтмат нестанд, балки ҳақиқат доранд ва аслу моҳияти корҳои шуморо ифода мекунанд.
Ба сардабири сомонаи «Ахбор» суол дода мешавад, ки ин сомонаро ў барои инъикоси айбҳои мардум ва зишт нишон додани миллати тоҷик таъсис додааст ё дигар масъалаҳо?! Ин амалҳое, ки анҷом медиҳед, хоинона буда, аз журналистикаи ноб фарсахҳо дур аст.
Баҳори Шаҳрзод