​Факултети биология ва химия: “Маърифатафрӯз”

Дар факултети биология ва химия бахшида ба Рӯзи байналмилалии тақдими китоб чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Маърифатафрӯз” бо иштироки муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Х. Сабуров, директори Китобхонаи марказии донишгоҳ дотсент Д. Самадова ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Х. Сабуров барои ташкили чорабинӣ изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки бо дастгирии ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло Китобхонаи марказии донишгоҳ дар сатҳи баланди хизматрасонӣ баҳри маърифатафрӯзону дӯстдорони китоб қарор гирифтааст. Мавсуф зикр намуд, халқи тоҷик аз зумраи он миллатҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хоса дорад. Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хоса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст.


Сипас, директори Китобхонаи марказии донишгоҳ, дотсент Д. Самадова сухан ронд. Зикр гардид, ки дари кошонаи илму маърифат, яъне Китобхонаи марказии донишгоҳ ҳамеша барои ихлосмандону донишҷӯён боз аст. Аз ҷумла гуфта шуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ..." эълон гардидааст ва донишҷӯёни донишгоҳ низ имкон доранд, дар он ширкат варзанд.

Барномаи илмӣ-фарҳангӣ бо қироати шеъру гуфторҳо, маърӯза, суруд ва рақс пешкаши ҳозирин гардид.


Дилфуза Қаюмова - аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ