Таъсиси «Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова». Баъд чӣ?
Чӣ тавре маълум шуд, санаи 12.02.2019 дар шаҳри Вилнюс, раиси Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар маросими ёдбуди шодравон Файзинисо Воҳидова гуфт, ки бо назардошти таклифу дархости чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова” таъсис ёфта ва ҳамасола ба бонувон ва занони шуҷоъ, ки дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи башар, махсусан ҳуқуқи занон фаъолият мекунанд, дода шавад.
Мо, устодони донишгоҳ чунин мешуморем, ки ин пешниҳод М. Кабирӣ бемавқеъ ва нодуруст аст, зеро баъди ба истиқлолият соҳиб шудани кишвари маҳбубамон ба мардуми тоҷик ва кулли тоҷикистониён, аз ҷумла занон низ озодӣ кафолат дода шуд. Чуоне, ки мо имрӯзҳо мушоҳида менамоем, занони тоҷик имрӯз дар соҳаҳои мухталиф бе ягон монеа кору фаъолият мебаранд.
Ва боз чунин мепиндорад, ки гӯё Ф. Воҳидова зери фишори кормандони амният қарор дошт ва сабаби марги ӯ низ ҳамин аст. Яъне марги як шахсро мехоҳад, барои бар зидди сиёсати сулҳҷӯёнаи имрӯзаи давлату ҳукумат равона созад. Бо чунин ақидаҳои худ М. Кабирӣ мехоҳад халқро зидди давлат равона созад.
Аз таҷрибаи солҳои 90-ум бохабар ҳастем, ки ин хел ашхосдушманони қаттолисарзамини тоҷик, тоқати пешрафти кишвари азизамонро дидан намехоҳанд, миллати барӯманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохта, ҷангҳои бародаркуш ташкил намуданд, мардуми ин сарзаминро муҳоҷир гардониданд, мавзеъҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон карданд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд. Лекин ки имрӯз миллати сарбаланди тоҷик бо ифтихоримиллӣ аз дастовардҳои бузурги истиқлол чун иншоотҳои бузурги кишвар, сохтмонҳои НБО-и “Роғун”, “Сангтуда-1”, “Сангтӯда-2”, Шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, нақбҳои «Истиқлол» ва “Шаҳристон”, роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб ифтихор дорад.
Имрӯз мо бояд аз ин миллати барӯманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардонидани он саъю кӯшиш намоем ва нагузорем, ки монанди М. Кабирӣ давлати орому осоиштаи моро боз ба доми ҷангҳои бародаркуш кашанд.
М.Ғайбуллоева. М.Бобоҷонова муаллимони
кафедраи таърихи Ватан ва археология