​​Ҷавонон нерўи боэътимоди давлатанд…

Мардуми бошараф ва фарҳангсолори тоҷик, барои ноил шудан ба сулҳу ваҳдати миллӣ «аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ мухолифати мусаллаҳонаву ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намуд ва ба аҳли сайёра собит намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамраъйї сарҷамъ омада, дар фазои сулҳу субот умр ба сар барадва сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад.

Воқеан, дар даврони муосири ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ҳассосият, мавҷи нооромӣ, қатлу куштор, ваҳшонияту ҷаҳолат, ихтилофи назарҳо, ҳамдигарбадбинӣ, бо ҳамдигар эътимод надоштан, нобовариро миёни мардуми сайёра, хусусан аҳолии кишварҳои мусулмоннишин, ба хусус, Ироқ, Яман ва Сурия ба вуҷуд оварда, ки окибати вазнин ба бор доорад. Абарқудратону сомондиҳандагони ин мавҷи нооромиҳо барои содир кардани қатлу куштор, хароб намудан ҷойҳои муқаддас, аз байн бурдани арзишҳои фарҳангӣ нерӯи қувватбахш-ҷавонон, нафароне, ки синни 18 то 35 соларо доранд, сафарбар намуда истодаанд. Мутаассифона аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷавонони ноогоҳ, гумроҳ, ки хиёнат ба модар, хоки муқаддаси Ватани маҳбуб, арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллиро бар худ афзал шуморидаанд аз беиродагӣ фирефтаи доми хоҷагони хориҷӣ шуда, ба ин мавҷи нооромиҳо пайравї намуда истодаанд (бештари маврид надониставунафањмида)

Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ рамзи воқеии сулҳофарӣ, таҳаммулпазирӣ ва қадр кардани асолати инсонӣ буда, ба ивази ҷонбозихои садҳо мардони баору номусба даст омадааст. Аз ин хотир нуктаҳоиҷавҳарии ҳар як суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодакунандаи як мактаби зиндагӣ, як таҷрибаи рӯзгор аст.

Бинобар ин шахси худогоҳ, бахусус ҷавони соњибтамизро лозим аст, киба оини ватандорӣ риоя намояд ва барои Ватан содиќона зањмат кашад. Тарҳрезӣ кардани нақшаи фарҳанги сулҳофарї, ҳалли мусолињатомези низоъ, эҳтирому арҷгузорї ба арзишу суннатҳои мардумӣ, муқаддасоти миллӣ, муваффақшудан ба орзуву умед, омўхтани дарси мардони шуҷоъ, роҳҳои таҳким ва ташаккул додани тафаккури созандагӣ, воқеъбинона пайгирӣ кардани њадафњои ҳаракату њизбу њаракатњои ифротию тундгаро, эҳтирому қадр кардани волоияти қонун, волидайн, дуруст ва самаранок истифода бурдани маводи интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ (солњои охир муаммои рақами 1) зиракии сиёсӣ ва ғайра вазифаи љониву рисолати њар як љавон бояд бошад.

Қодирова М.А. – муаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ