Пешвои миллат – маорифпарвари халқи тоҷик
Ба муносибати оѓози соли нави таҳсил Пешвои миллат Эмомалї Рахмон устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва бахусус, кӯдаконеро, ки бои аввал ба боргоҳҳои маърифат қадами нахустин мегузоранд, табрик намуд.
Ҳамчунин, сокинони кишварро ба ифтихори бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ - 28 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод намуда, самиона шодбош гуфта,барои халќи сарбаландиточик саломативу сарбаландӣ орзу намуданд.
Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз таҳсилоти олии касбӣ зодаи даврони истиқлолият мебошад.
Ҳанӯз дар солҳои нахустини истиқлолият зарурати ба давраҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани ҳайати роҳбарикунандаи тамоми мақомоти давлатии марказиву маҳаллӣ пеш омад. Ба ин хотир, мо соли 2013 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ Донишкадаи идоракунии давлатиро таъсис дода, дар он на танҳо давраҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро ба роҳ монда шуд, балки зинаҳои таҳсилоти бакалавр ва магистратураро ташкил карда, таълими технологияҳои иттилоотӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, менеҷменти сиёсӣ, идоракунии ҳайати кадрӣ ва идоракунии давлатиро ҷорӣ шуд.
Соли 2016 тасмим гирифта шуд ,кидар шафати биноҳои мавҷудаи донишкада иншооти замонавӣ бунёд карда, мушкилоти ин муассисаро пурра ҳал намоем.
Бинои навбунёд аз 12 ошёна ва ду қисм - қисми таълимӣ бо 1320 ҷойи нишаст ва хобгоҳ барои 130 нафар иборат мебошад ва масоҳати умумии сохтмон қариб 20 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Донишкада ягона муассисае мебошад, ки таълим дар он пурра тавассути низоми электронии худидора ба роҳ монда шудааст.
Олимону омӯзгорони Донишкадаи идоракунии давлатӣ бояд таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро омӯзанд, дар ин замина барномаҳои гуногунро таҳия кунанд ва ба истифодаи технологияҳои муосир ҷиҳати татбиқи нақшаи ҳукумати электронӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибкасб барои амалисозии ин мақсад саъю кӯшиш намоянд.
Ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, афзудани нерӯи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар хизмати давлатӣ, инчунин, таҳлили илмии сифат ва самаранокии идоракунӣ ва хизмати давлатӣ зарурати баланд бардоштани мақоми ин муассиса ба миён омадааст.
Бинобар ин, аз тарафи Пешвои миллат пешниҳод карда шуд, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.Таъсиси Академияи идоракунӣ ба омодагии сифатан беҳтари касбии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат мусоидат хоҳад кард.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳангоми банақшагирӣ ва маблағгузории соҳаи маориф бартарияти таълими таҳсилоти миёнаи умумӣ, хусусан, бахши илмҳои дақиқ ба қадри кофӣ ба назар гирифта намешавад.
Ин раванд собит месозад, ки ҷиҳати ба талаботи бозори меҳнат ва соҳаҳои афзалиятноки рушди давлат мувофиқ кардани низоми маориф ҳанӯз ҳам як қатор масъалаву мушкилот вуҷуд доранд.
Аз ин рӯ, имрӯз сатҳу сифати таълими фанҳои табиатшиносиву дақиқ ва таҷрибавӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар ба дастгирӣ ниёз дорад, зеро таълими фанҳои зикршуда ва тарбияи мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир бе озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз ва таҷҳизоти замонавӣ ғайриимкон мебошад.
Ҳоло омӯзгорони фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҳангоми анҷом додани озмоишҳо бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардидаанд. Бо ин сабаб хонандагон мактаби миёнаро бе андӯхтани чунин таҷриба хатм карда, ба мактабҳои олӣ дохил мешаванд ва ба иллати мавҷуд будани чунин камбудӣ дар макотиби олӣ ин муассисаҳоро низ бе анҷом додани таҷриба дар озмоишгоҳҳо ба итмом расонида, соҳиби дипломи таҳсилоти олии касбӣ мегарданд.
Бо дарназардошти чунин вазъ, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” қабул шуд, ки ҳадафи он беҳбудӣ бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Вале тибқи таҳлилҳо иҷрои барнома қонеъкунанда нест. Илова бар ин, барномаи зикршуда фақат шумораи муайяни муассисаҳои таҳсилоти умумиро қисман фаро гирифта, солҳои 2018-2019 аз ҳисоби буҷетҳои марказӣ ва маҳаллӣ умуман маблағгузорӣ нашудааст. Гузашта аз ин, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмиву таҳқиқотӣ аз доираи амали он берун мондаанд.
Аз ин лиҳоз, Вазорати молия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, киякҷо бо Вазорати маориф ва илм бо дарназардошти муҳим будани масъалаи зикршуда иҷрои пурраи барномаро то ҷашни 30-солагии истиқлоияти давлатӣ таъмин намоянд.
Фаъолияти олимонро ба самтҳои таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ки бидуни онҳо пешрафти иқтисодиёти миллӣ ғайриимкон аст, равона намудан талаби замон аст.
Таҳқиқоти дар ин самт амалигардида бояд ҳатман дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ карда шаванд. Бо ин мақсад ба роҳ мондани робитаи илм бо истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи Академияи илмҳо ва вазорату идораҳои дахлдор ба ҳисоб меравад.
Ќайд карда шуд, ки дигар рисолати муҳимми олимони кишвар поку бегазанд нигоҳ доштани забони давлатӣ, густариши доираи истифодаи он, суфтаву ғанӣ гардонидани забони адабӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҳёи фарогири забони илмии тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгони мо, ки дар ғанисозии тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштаанд.
Наврасон ва ҷавонон, ки мо онҳоро наслҳои ояндасози кишвар медонем, вазифадоранд, ки ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ҷиддӣ машғул шаванд, ду - се забони хориҷиро мисли забони модарии худ донанд ва истифодаи технологияҳои электронии муосирро аз худ намоянд.
Миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз таърихан соҳиби ғурури миллӣ ва ҳисси баланди миллӣ мебошад.
Сармуаллимаикафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он Охунова У.Р.