Маҳалгароӣ – нишонаи бешуурист
Қайд намудан зарур аст, ки дар раванди ташаккули ҷамъияти муосир хушбахтона зиндагӣ дорем, вале ба ин хушбахтии мо зомингардидагон низ ҳастанд, ки худ зиндагии таҳлукаовар доранд. Онҳо бешуурони бекорхӯҷаи ҷамъият буда ба ҳаёти ороми мо халалрасонандагон ба ҳисоб мераванд ва ҳамеша бо ҳар гуна баҳонаҳо ба зиндагии мардуми осоиштаиғво меандозанд. Ин намуд ашхосон ба мафҳумҳои созандагиву ободкорӣ ва некӯаҳолии халқ фаҳму фаросоташон намерасад.
Он ашхосон маҳалгароён ба ҳисоб рафта аз садову симо, ВАО ваинтернет ба ҳар гуна барномаҳои иғвоангезона аҳамият медиҳанд ва кори майнаи худро на ба воқеотҳои мусбат сарф менамоянд, балки ба воқеотҳои манфӣ диққат медиҳанд.
Он маҳалгароён ба пуштибонҳои пурқувваташон, ки ТТЭ ва ҲНИ ва амсоли ин барин ташкилотҳо мебошанд бо силоҳҳои асабкостагардонандаашон зидди ватани худ пойи шумқадами худро гузошта “ҷанги сард”-ро дар сайёра пойдор намуданианд.
Ин намуд ашхосон худ, ки саводи казоии илмҳои муосиру қадимро доро нестанд ба фитнаву фиреби маҳалгароёнаи шахсони шуурнокиашон паст аҳамият медиҳанд. Ба мафҳуми миллату давлати худ, ки арзишҳои миллии худро ҳимоя мекунанд такя намекунанд.
Ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳониро он маҳалгароён умуман дар тасаввуроташон ғунҷониданӣ нестанд, баръакс онро ба ба ҳолати ногувор афтониданӣ мебошанд. Зеро фикру ақидаи барҳамзании ҳуввияти миллиро танҳо дар шуури худ ҷой доданду халос.
Ҳолокишвари моро марҳилаи нави бунёдкориву ободкорӣ фаро гирифтаасту маҳалгароёнро ин марҳила ба таҳлука андохтааст.
Миллати куҳанбунёд ва муосири тоҷик ҷаҳду талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки барои таъмини тинҷиву суботи кишвар мебошад ҳамеша дастгир ва давомдиҳандаву дар амал татбиқкунанда мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистонамон ҳамеша созандаву дастгири миллатдӯстони кишвар мебошад, ки инро маҳалгароён хуб дарк менамоянд.Онҳо барои аз миён бардоштани сулҳу оромӣ дар кишварамон ҳар гуна дасисаҳои нав ба нави зидди давлат ба миён меоранд то, ки ҳамсафони маҳалгарояшон дар кишвар зиёд гардад ва кишвар барои носолим гардиданаш заминаҳо пайдо намояд ва маҳалгароён аз ин фурсат истифода баранду барои нотинҷиву нооромии кишвар бемалол саҳм гузоранд.
Ба ин кирдор ва рафтори маҳалгароён халқи соҳибтамаддуни тоҷик аҳамият надода истодааст ва барои ҳамин маҳалгароён ҳар гуна иғвоҳо дар мобайни халқ андохта истодаанд. Аммо афкори ҷомеаи мо дар фазои иттилоотӣ ташаккул ёфта истода пайроҳаи дурусти ҳаётро дар ҳаёти Тоҷикистон устувор намуда истодааст.
Мо омӯзгорон халқи худро ҳамеша раводор менамоем, пайроҳаи дурусти ҳаётро, ки Пешвои миллат дар Тоҷикистон пойдор намудаанд интихоб намоянд. Мегузорем, ки ҷавонон роҳи дурусти зиндагиро мушкилиҳояшро рафъ намуда интихоб кунанд. Дар кишвари мо ҳар як омӯзгор ҷавонони мамлакатро, ки ояндасозони миллат ба ҳисоб мераванд ва арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии миллатро ҳимоя мекунанд, тарбия менамояд.
Дар айни замон мардуми тоҷикро месазад аз ҳарвақта дида мулоҳизаандеш, мушоҳидакор, дурбин, зираку ботадбир бошанд, то ки банохост ба доми душманони ваҳдату маҳалгарои миллати куҳанбунёди худ наафтанд.
Омўзгорони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ